Дар бораи китоб:
Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сокини ноҳияи Айнӣ, нону намакхӯрдаи Душанбе Бобоҷони Нурзод чун фарзанди бонангу ор соате худро бе ёди Душанбе–шаҳри овони навҷавонӣ, шаҳри ишқу муҳаббат, меҳру вафо, сидқу сафо тасаввур карда наметавонад. Ҳамин аст, ки ӯ мисли ҳама дигар ҷигарбандони Душанбе дар давраи омодагӣ ба 90-солагии «Моҳи тобони Машриқзамин» лаҳзае осудагӣ надошт; сифоти ӯро менавишт, ҳусну латофаташро васф мекард, аз ин боғшаҳри беамсол, шаҳри Сулҳ, шаҳри Ваҳдат ифтихормандии хешро изҳор менамуд. Дар натиҷаи ин ҷаҳду ҷадалҳо китобчае бо номи «Ҳамосаи Душанбе» рӯйи кор омад, ки чун муҳаббатномаи шоир онро пешкаши хонандагони азиз мегардонем.