Ҳамболи турнаҳо

Муаллиф: Бузургмеҳри Баҳодур
Ношир: ТҶБ «Истиқбол»
Саҳифа: 100
Соли нашр: 2016
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 3,76 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 36 нафар

 


Дар бораи муаллиф:

Бузургмеҳри Баҳодур соли 1992 дар деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) ба дунё омадааст. Соли 2014 Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи устод Сотим Улуғзодаро бо ихтисоси филолог (суханшинос)-и тоҷик хатм карда, аз соли 2015 корманди рўзномаи «Ҷумҳурият» аст.

Шеърҳояш дар моҳномаҳои «Истиқбол», «Садои Шарқ», «Паёми Суғд»«Адаб» ва маҷмўаҳои дастаҷамъӣ интишор ёфта, баъзе аз намунаҳои ашъораш ба забонҳои англисиву ўзбекӣ низ тарҷума шудаанд. Баҳори соли 2016 нахустин маҷмўаи шеъраш таҳти унвони «Ҳамболи турнаҳо» дар нашриёти «Истиқбол» нашр гардид. Шурўъ аз соли 2017 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

***

Шоире аз макони Хуршед

Бузургмеҳр шоирест, ки гӯё чун як пораи Хуршед аз осмон ба замин фуруд омадааст. Шеърҳояш ба қалби хонанда гармиву нури тозаи хуршедӣ мебахшанд. Зеро шеърҳояш мазмуни воло, ҷилои хуршедӣ мекунанд Сатрҳои пуррозаш ва ҳадафҳои некаш сарҳади таассуб, чорчӯбаи танги хурофот мешикананд. Ашъори ӯ бӯи накҳати гули умед мекунанд. Ба гӯши мо садои шаршараи сатрҳое, ки аз кӯҳи баланди биниши ӯ ҷорӣ мешаванд мерасанд. Таровиши ҳар каломи пур аз самимият ва моломоли ҳаяҷонбахшаш тараннумгари худи фалсафаи зиндагист, ки ба мо хонандагон умеди тоза ва орзуву омоли дурпарвоз ҳадя менамоянд.

Бузургмеҳри Баҳодур ба хомаи худ ҷасорати қавӣ бахшидааст ва дар шеърҳояш ба мақоми инсон, хосса Модари бузургвор эҳтироми сазовор тақдим менамояд. Дар шеъри «Соати Модари ман хуршед аст» чунин сатрҳоро мехонем:

Аз рақамҳои парешони умр,

Рўзи мелоди маро медонад.

Чӣ нозанин гуфта шоири боистеъдод! Модаре, ки вақту замон, рӯзи мелоди писарро бо вуҷуди парешонии замону ҳаводиси олам , бидуни соату тақвим дар умқи хотироташ ҳифз намуда. Ба назар чунин мерасад, ки Модари офтобӣ писари хуршедпарварро парвариш намуда! Ин шеърро борҳо, ба такрор бихонем симои зани тоҷики маъсум, фарзона пеши назар ҳувайдо мегардад ва иртиботи мустаҳками ӯро бо хуршеди осмонӣ пай мебарем. Дар ҳамаи шеърҳои дигари Бузургмеҳри азиз , ки ба мавзӯи модар бахшидааст изҳори бениҳоят муҳаббати дилсӯзона, дилошӯбонаро мехонем ва ёди модари кайҳо ҷаҳони фониро тарк намуда мекунем.

Шоири умедбахш нисбати зан, кадбонуи зиндагӣ, чароғи хонадон низ бо як ҷаҳон ишқу муҳаббат ва эҳтиром тасвири ҷолиб бахшидааст. Дар шеъри «Зану шеъру шароб» низ мехонем: «Ба зан майлу ҳавас доим ҷавон аст,…» . Бале, чӣ хуб, агар майлу ҳавас нисбати зан пир нагардад, эҳтиром мудом ҷавон бимонад! Шоири боҳиммат ба вуҷуд ва ҳузури зан — баҳор ва ҳулули ҷаҳони сарсабзиро тавъам медонад:

Баҳор аз маънӣ холӣ буд бе зан,

Зану боғу гулоб аз як таборанд.

Инчунин дар ин шеъри мазкур шоир равнақи илму адабро дар мақому манзалат, донишу биниши зан мебинад. Офарин ба шоири равоншинос ва мақомшинос!

Дар шеъри «Аз шикори офтоб» мо бо асрори «Дил» ошно мегардем, ки аз ҷаҳони офтобу маҳтоб, аз сайри ҷаҳони кайҳон фуруд омада аст. Ӯ ба шикори ситорагон рафта, онҳоро вожгун сохта, сипас бо болҳои пур аз нуру ҷало ба замин фуруд омада аст ва таслими бӯи гули муаттар гаштааст. Диле, ки побастаи гулу шукуфоӣ аст, масту ошиқи олами чаманистон аст.

Гаҳ замин ҷунбид, ў аз по нарафт,

Гаҳ фалак ларзид, ў аз ҷо нарафт.

Лек аз бўи гуле афтод маст,

Ин қадар пурпечутоб омад дилам?!

Мо хонандагони ашъори дилангези шоир Бузургмеҳр аз мутолиаи сатрҳои дилкаши ӯ меболем, ки меҳраш бузургу исмаш ҳам шойгони фазилату сифатҳои инсонии ӯст, ҳаловати зебоӣ ба даст меорем.

Ба шоири азиз Бузургмеҳрҷон таманнои онро дорем, ки бо сатрҳое ҷаззобаш ба дарёи дили мо хонандагонро боз ҳам мавҷи шодӣ ва тараб бахшад. Бештар аз ашъораш майли зистан, ҳусну кубҳ, шаҳомот, таровати рӯзгори солим танинандоз гарданд. Бо шеърҳое, ки ба зиндагии инсон таровату бӯи гулҳои муҳаббатро зам месозад, камолоти эҷод мехоҳем ва бигзор шоир ба тасхири ҷаҳони гул, офтоб, ситоиши дили ҷӯянда машғул гардад. Бештар ба мақоми инсон, қудрату тавоноии ӯ бо хомаи ҳавсала тасвиру таровати хуршедӣ бахшад. Моро шодии беканори осмонӣ дар замини кӯчак ато намояд. Орзу дорем, ки аз макони Хуршед ҳар бор бо дастагулҳои рангоранг ва сатрҳои гарму ҷӯшон баргашта, ба қалбҳои сард гармии ишқ ба зиндагӣ меорад.

Бо эҳтиром Шоистаи Равшан,
нависанда,
шаҳри Бешкек, ҷумҳурии Қирғизистон.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *