Гузашти айём

Муаллиф: Ҷумъа Одинаев
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 412
Соли нашр: 1989
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 24,88 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 18 нафар

Дар бораи китоб:

Романи адиби шинохта Ҷумъа Одина доир ба воқеа ва ҳодисаҳои солҳои 30 – 30-уми асри бист нақл мекунад. Асари номбура яке аз романҳои хонданӣ ба ҳисоб меравад.


Дар бораи муаллиф:

Ҷумъа Одина (13 марти соли 1930—1982) — нависандаи тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1966).

Зиндагинома

Ҷумъа Одина 13 марти соли 1930 дар деҳаи Нигноти ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба ҷаҳон омадааст. Мактаби ҳафтсоларо дар кишвари Ставропол (ИҶШС), ки аҳли оилаашон дар табъид буд, анҷом додааст. Муддате муаллимӣ кардааст. Соли 1950 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии Самарқандро бо баҳои аъло хатм кардааст. Соли I956 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро ба поён расондааст. Солҳои гуногун муҳаррири нашриёти «Ирфон», мудири шуъбаи маҷаллаи «Тоҷикистон», муҳаррири Радиои тоҷик, мудири шуъбаи моҳномаи «Садои Шарқ», муовини сармуҳаррири Кумитаи табъу нашри Ҳукумати ҷумҳурӣ, мудири шуъбаи нашриёти «Ирфон» ва ходими адабии рӯзномаи «Маориф ва маданият» будааст. Ӯ 14 сентябри соли 1982 вафот кард.

Эҷодиёт

Аввалин навиштаҳои Ҷумъа Одина солҳои шастуми асри бистум ба табъ расидаанд. Асарҳояш аз солҳои 60-ум ба чопшавӣ cap кардаанд. Соли 1964 дар моҳномаи «Садои Шарқ» қиссаи аввалинаш «Авроқи рангин», соли 1968 қиссаи дигараш «Иншо дар мавзӯи озод» ба табъ расидаанд. Соли 1970 ҳар ду қисса бо номи «Авроқи рангин» дар як муҷаллад аз чоп баромадаанд. Соли 1973 маҷмӯаи ҳикояҳояш «Чанбари оташ» чоп шудааст. Соли 1978 романи «Гузашти айём»-ро навишт, ки рӯҳия ва мундариҷаи он ба сиёсати ҳукумати давр чандон созгор набуд. Романро нашриёти «Ирфон» чоп карда бошад ҳам, ба дасти хонандагон нарасид. Соли 1989 роман бори дигар аз тариқи нашриёти «Адиб» ба табъ расид ва муаллиф, пас аз маргаш, соли 1990, сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардонда шуд. Повести «Иншо дар мавзӯи озод» (соли 1974) ва як силсила ҳикояву очерк ва қиссаҳои ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Пас аз вафоти нависанда бобҳое аз романи нотамоми «Искандари Мақдунӣ» дар матбуот чоп шуданд.

Дар тарҷумаи бадеӣ ҳам пешдаст буд. Зиёда аз 20 асари нависандагони шӯравиро ба тоҷикӣ гардондааст, ки романҳои В.Сабко «Кафолати сулҳ», И.Шамякин «Дил дар кафи даст», В.Латсис «Писари моҳигир», Г.Марков «Сибир» аз он шумуланд. Асарҳои Н. Тихонов, Я. Гашек, С. Алӣ, Г. Кирх, И. Шамякин, Г. Марков ва дигаронро хонандагони тоҷик дар тарҷумаи ин нависандаи хушсалиқа хондаанд.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *