Гулистон

Муаллиф: Саъдии Шерозӣ
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 234
Соли нашр: 2008
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 4,92 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 72 нафар

 


Дар бораи китоб:

«Гулистон» машҳуртарин китоб дар таърихи адабиёти форсу тоҷик аст. Бештар аз 700 сол аст, ки наслҳои форсизабон ин китобро меомӯзанд. Афкору ақоид ва андешаҳои башардӯстонаи Саъдӣ имрӯз ҳам барои тарбияи маънавии инсоният, пойдор гардонидани сулҳ, таъмин намудани иттиҳоду иттифоқи халқу миллатҳои сайёраи мо хидмат мекунанд.


Дар бораи муаллиф:

Абу Муҳаммад Муслиҳиддин ибни Абдуллоҳ (форсӣ: ابومحمد مُصلِح‌الدین بن عَبدُالله سعدی شیرازی‎) машҳур ба Саъдии Шерозӣ ва Мушрифиддин (1181 ё 1205, Шероз – соли 1292, Шероз) – яке аз номдортарин ва забардасттарин шоирони порсигӯйу орифони асри XIII форсу тоҷик мебошад. Шӯҳраташ бештар аз барои назму насри оҳангину гирову қавии ӯст. Ҷойгоҳаш назди аҳли адаб то бад-онҷост ки ӯро Устоди сухан мехонанд. Осори маъруфаш китоби “Гулистон” дар наср ва “Бустон” дар баҳри мутақориб ва низ ғазалиёташ аст.

Зиндагинома

Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ – соли 1184 дар шаҳри Шероз дар фомили тоҷик ба дунё омада, дар айёми кӯдакӣ аз падар ятим мондааст. Дар ҷавонӣ ба Бағдод рафта ва дар мадрасаи “Низомия” таҳсили илм намуда аст. Пас аз хатми таҳсил Саъдӣ ба ҷаҳонгардӣ меравад ва Эрон, Арабистон, Осиёи Хурд, Миср, Шом, Хуросон, Мовароунаҳр ва дигар сарзаминҳо мегардад. Дар миёнсолӣ ба зодгоҳаш бар мегардад ва дар синни 108-солагӣ, соли 1292 дармегузарад. Ӯро дар гулгашти Мусаллои Шероз ба хок месупоранд ва ормгоҳаш акнун зиёратгоҳи хоссу омм аст.

Аз осори шоир куллиёте боқи мондааст, ки ба шакли маснавӣ, ғазал, тарҷеъбанд, таркиббанд, қасида, рубоӣ эҷод шудаанд, дар бар мегирад.

Мероси адабӣ

Мақбараи Саъдӣ – سعدیه (Sadia)

Мақбараи Саъдии Шерзӣ машҳур ба سعدیه (Sadia) — ёдгории меъмори болои турбати Саъди Шерозӣ. Оромгоҳ дар шимолу шарқи шаҳри Шероз, ки замини хонаи шоир буд, аз қадим боғе ва чашмае дорад. Он бидуни санги турбат бо мурури замон хароб гардида, танҳо дар аҳди Каримхони Занд (1707/5 — 1779) — пешвои сулолаи зандиёни Эрон таҷдид шуд. Вале он низ пас аз чанде рӯ ба харобй овард ва солҳои охир Анҷумани осори миллӣ оромгоҳи зебое бино кард. Оромгоҳ болои асоси зинагии на он қадар баланде аз мармар ҷой гиифтааст, ки гунбазӣ буда, ба пешайвони баланде шабоҳат дорад. Дар тарафи рости мақбара даҳлези токдори сояафкан ва истироҳатӣ бино кардаанд, ки ниҳоят муҷаллалу хушҳавост. Намои кошикории оромгоҳ бо намоишҳои гул, бутта ва акси паррандаҳои зебои сабки зандия музайян аст.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *