Дар бораи китоб:
Осори мансури Сипехр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод зиндагиномаи печухамдори ахтарони илму адаб ва фарҳангӣ гузаштаву муосири форс-тоҷикро бо пахлуҳои ибратбин мекушояд. Забон ва ҳусни баёнаш фарогири ибороти рехтаи халқӣ аст. «Гулхани сабз»-и ӯ хонандаро сари андеша ва фалсафаи ҳаёту мамоти инсонҳо ҷазб медорад.
Дар бораи муаллиф:
Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзода солҳост, ки дар дунёи адабиёт қаламфарсоӣ мекунад. Маҷмӯаҳои ҳикоя ва очерку қиссаҳои таърихии «Фидоиёни роҳи озодӣ», «Парастуҳои саҳна», «Боздид», «Чакомаи Шоҳи ирфон», «Бозгашти аспи даҳмарда», «Офтобо, ба ғуруб марав…», «Гулхани сабз», «Дарёдилеву соҳиле…», «Ҳадиси ватандорӣ» ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Ӯ дар иншои осори публитсистӣ низ муваффақ аст.
Оид ба сабки вижа, ҳусну қубҳи нигоштаҳои нависандаи боистеъдод Сипеҳри Абуабдуллоҳи Ҳасанзод олимону донишмандон ва адабиётшиносон воқеъбинона изҳори ақида кардаанд. Аз рӯи қиссаву ҳикоёти хотирмони адиб филмҳои мустанади «Гиряҳои хуршедӣ», «Ҳикмати гӯё» ва барномаҳои адабӣ ба забонҳои гуногун таҳия шуда, аз тариқи садову симои мамлакатамон пахш гардидаанд.
Осори зиёди адабиёти ҷаҳонӣ, аз ҷумла, қиссаву ҳикоёти дилчаспи адиби румин Ион Лука Караҷели, нависандагони рус Лев Толстой, А.П. Чехов, В. Распутин, В. Шукшин ва китоби пурраи барандаи Ҷоизаи ҷавонони Мари-Эл Юрий Артамонов «Вкус земляники» («Шаҳди марминҷон»)-ро ба тоҷикӣ баргардон кардааст.
Эҷодиёти Сипеҳри Абуабдуллоҳи Ҳасанзод ба забонҳои русӣ, англисӣ, беларусӣ, олмонӣ, арабӣ, форсӣ, ӯзбекӣ, марӣ ва дигар забонҳо ба табъ расидааст.