Дар бораи китоб:
Дар ин маҷмӯа достонҳои машҳури Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода «Писари Ватан», «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон», «Модарнома», «Ошѐни баланд» гирд оварда шудаанд.
Хонанда аз мутолиаи ин китоб дарси хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, Ватану ватандорӣ, озодию озодагӣ, сулҳу сафо, зебоию сарбаландӣ меомӯзад. Бо тавсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хониши беруназсинфии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миѐнаи умумии кишварамон нашр мегардад.