Гулбонги Истиқлол

Мураттибон:  Сайидалӣ Маъмур, Гурез Сафар
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 272
Соли нашр: 2011
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 912 Кб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 43 нафар

 


Дар бораи китоб:

«Гулбонги Истиқлол» маҷмӯаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дӯстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.

Китоб тӯҳфаи шоирони тоҷик ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.


Дар бораи мураттибон:

Сайидалӣ Маъмур

Зиндагинома

Сайидалӣ Маъмур 28 декабри соли 1944 дар деҳаи Яккабоғи ноҳияи Истаравшан ба ҷаҳон омадааст. Соли 1966 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба итмом расонда, дар Радиои тоҷик, рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон»), Бюрои тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор кардааст. Солиёне муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Маданияти Тоҷикистон» («Адабиёт ва санъат»), раиси Хазинаи адабиёт, сармуҳаррир ва ҷонишини директори Нашриёти «Адиб» будааст. Ҳоло мудири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Офаридаҳояш аз соли 1963 чоп шуда, дар адабиёти муосир мақоми шоиста пайдо кардаанд. Аз соли 1972 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Эҷодиёт

Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Заврақи умед» (1967), «Савганд» (1972), «Ҳамсолон» (1974), «Рози дарё» (1977), «Меҳвар» (1980), «Толеъ» (1981), «Рӯҳи баланд» (1983), «Офтоби дил» (1986), «Решапайванд» (1989), «Чашми ситора» (ба ҳуруфи форсӣ, 1990), «Солгиреҳ» (1994), «Гарди Офтоб» (1994), «Шохаи шикаста» (1998), «Овои мурғи шабовез» (2000), «Оташи меросӣ» (2002), «Назаргоҳи дил» (2003), «Чорзарб» (2003), «Офтобгардон» (2007), «Пойизи сабз» (2011), «Ситорашукуф» (2011), «Давлати дидор» (2014) аст. Маҷмӯаҳои «Сӯзанак» (1985), «Навоҳои Гулдара» (1988), «Карчи харбуза» (1993), «Анӯшаҷони ҷони мо» (2004) ва «Алвончак» (2013) ашъори барои бачагон офаридаашро фаро гирифтаанд. Маҷмӯаи мақола, тақриз ва сафарномаҳояш бо номи «Сухан аз дӯстон ва устодон» соли 2007 нашр шуда, бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёташ китоби дастҷамъии «Одам ба одам зинда аст» соли 2004 ба табъ расидааст. Ашъори ба русӣ тарҷумашудааш дар маҷмӯаҳои «Жажда» (Маскав, 1977), «Зелёные ветры» (Маскав, 1982), «Берег сердца» (Маскав, 1987), «Середина лета» (Душанбе, 1987), «Сейсмограф сердца» (Маскав, 1990), «Четыре времени любви» (Душанбе, 1992), «Газель сердца» (Маскав, 1994) ба табъ расидаанд. Китобҳои Т. Зумакулова «Ширмаҳтоб». А.Орифов «Ихлос», А. Оғобоев «Акси садо», Р.Бородулин «Ситораи дидор», Л. Шипахина «Ёдгори шаб», А. Атабоев «Як шоха гул», баёзи шеъри «Сози муғул», «Созҳои бародарӣ» ва намунаҳое аз ашъори Г. Лорка, И. Анненский, Я. Полонский ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст. Шеърҳояш ба бисёр забонҳои мардуми шӯравӣ ва дунё тарҷума ва чоп шудаанд. Маҷмӯаҳои алоҳидааш «Турналар» (1991), «Қуёш фарзанди» (2009) ва «Лаҳзаҳои ҷовид» (2009) ба забонҳои ӯзбекӣ ва забонҳои белорусӣ чоп шудаанд. Соли 2009 «Гулчини ашъор»-аш ба ҳуруфи форсӣ чоп шуда, шеърҳои алоҳидааш дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва матбуоти даврии Эрону Афғонистон борҳо мунташир гардидаанд.

Ҷоизаҳо


Гурез Сафар

Зиндагинома

Гурез Сафар 10 майи соли 1960 дар шаҳри Кӯлоб, дар хонадони шоир Ашӯр Сафар, ба ҷаҳон омадааст. Соли 1983 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъдан корманди илмии ҳамин донишгоҳ, роҳбари бадеии Қасри маданияти Кӯлоб, мусаҳҳеҳи нашриёти «Маориф», мусаҳҳеҳи калон, муҳаррир, муҳаррири пешбар ва мудири шуъбаи адабиёти калонсолони нашриёти «Адиб», сармуҳаррири маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» (1996-1999) будааст. Ҳоло ҷонишини директори Муассисаи нашриявии «Адиб» мебошад. Навиштаҳояш аз соли 1989 интишор меёбанд, ки ба мавзӯъҳои Ватан, Модар, сулҳу ваҳдат, дӯстиву муҳаббати поки инсонӣ, худшиносии миллӣ ва ғ. бахшида шудаанд. Дар офаридани шеъру ҳикояҳои ҳаҷвӣ сабки хосе дорад, ки ғолибан латифу ҳадафрасанд ва ахлоқу аносири манфури ҷомеаро зери тозиёнаи малеҳи ҳаҷву мутояба қарор медиҳанд.Аз соли 1989 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аз соли 1995 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Эҷодиёт

Офаридаҳояш дар авроқи кутуби «Ариза ба номи янга» (1992), «Азизи дидаву шунида» (1994), «Нози ҳавас» (1996), «Ҷавобак» (2000), «Миқрози насим» (2002), «Чашми сиёта садқа» (2004), «Лутфи Ашӯр Сафар» (2005), «Сад барги тар» (2009), «Равзани роз» (2010), «Шамъи саодат» (2014), «Ҳам арш, ҳам фарш» (2015) ва ғ. ба табъ расидаанд. Соли 2011, барои маҷмӯаи «Равзани роз», сазовори Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст.

Ҷоизаҳо


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *