Гавҳари умед

Муаллиф: Саидҷон Ҳакимзода
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 240
Соли нашр: 2018
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 2,04  Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 27 нафар

Дар бораи китоб:

«Гавҳари меҳр» барчидаи ашъори солҳои гуногун эҷод кардаи шоири нозукбаёну рангинхаёл Саидҷон Ҳакимзода буда, фарогири шеъру ғазал ва рубоиву дубайтиҳои ӯ мебошад. Дар ин маҷмӯа ифтихор аз қисмати ниёгони шарафманд, шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии Ватан, сулҳу ваҳдат, ободиву созандагӣ, тараннуми зебоиҳои диёр, меҳри Модар ва ишқу вафодорӣ хеле самимиву хотирни шин қаламдод гардидаанд.

Бовар дорем, Шумо ба сайри диёри орзуҳои ширину хаёлҳои рангини шоир баромада, аз ин дарёи гавҳардори сухани саршори муҳаббаташ бархӯрдор мегардед.


Дар бораи муаллиф:

Саидҷон Ҳакимзода (25 январи 1939, деҳаи Каримбердӣ, ноҳияи Восеъ, вилояти Кӯлоб) — шоири тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1990)

Зиндагинома

Саидҷон Ҳакимзода 25 январи соли 1939 дар деҳаи Каримбердии ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби деҳа фаро гирифта, соли 1969 факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педогогии Кӯлобро хатм кардааст. Солҳои 1967—1975 мусаҳҳеҳ, баъдан, солҳои 1971—1975, мудири шуъба, котиби масъул ва ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Ҳақикати Кӯлоб» будааст. Солҳои 1975—1988 ба ҳайси муҳаррир ва сармуҳаррири Кумитаи вилоятии телевизион ва радиошунавонӣ, ҳамчунин, муддате, дар рӯзномаи вилоятии «Роҳи Ленинӣ» дар вазифаи мудири шуъба фаъолият доштааст. Аз соли 1988 то охири умраш мудири шуъбаи радиошунавонии шаҳри Кӯлоб ва, ҳамзамон, раиси бахши Кӯлоби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст.

Эҷодиёт

Шеърҳои аввалинаш аз аввали солҳои 50-уми асри гузашта дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ба табъ расидаанд.

Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Лолаи сурх» (1964), «Сарчашма» (1983), «Ҷигар­гӯша» (1987), «Хиромон» (1989), «Достони Сангак» (1983), «Садафмоҳ» (1993), «Фидоӣ»(1994), «Кӯҳпора» (1996), «Чеҳраи субҳ» (1997), «Куллиёт» (2009) ва ғ. мебошад. Намунаҳое аз ашъораш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, украинӣ ва ғ. тарҷума ва чоп шудаанд. Баъзе шеърҳои шоирони русу ӯзбекро ба тоҷикӣ гардондааст.

Соли 1990 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Соли 2004 аз ҷаҳон даргузашт.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *