Гаршоспнома

Муаллиф: Асадии Тӯсӣ
Ношир: “Адиб”
Саҳифа: 478
Соли нашр: 2011
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 1,54 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 33 нафар

 


Дар бораи китоб:

Асадии Тӯсӣ дар таърихи адабиёти классикии форс-тоҷик аз суханварони қавитабъу борикандеш ба шумор меравад ва тавоноии фикру чиразабонии ӯро достони хамосии «Гаршоспнома», ки дар пайравии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ суруда шудааст, беҳтарин гувоҳ аст.
«Гаршоспнома» дар хусуси корнамоиҳои паҳлавони систонӣ Гаршосп, додарзодаи ӯ Наримон ва писари
Наримон – Сом, ки аз аҷдоди Рустами Дастон будаанд, нақл мекунанд. Дар кишварамон достон бори аввал ба ҳуруфи кириллӣ нашр мегардад ва пояи баланди ҳикмату андарзи он имрӯз ҳам барои ҳамагон коршоям мебошад.


Дар бораи муаллиф:

Асадии Тусӣ соли 1010 дар зодгоҳи Абулқосими Фирдавсӣ Тӯс таваллуд шудааст. Номи пурраи ӯ Абумансур Али ибни Аҳмад аст. Вай айёми таҳсилро дар зодгоҳи худ гузаронда, илмҳои расмии замон, ҳамчунин адабиёти араби, таърих ва хаттотиро омӯхта, аз ҷавони ба гуфтани шеър ва ҷамъ овардани луғат майл дошт. Вай пайрави ҷараёни шуубия ва мазҳаби шиа буд. Тақрибан ҳангоми 30-35-солагӣ дар натиҷаи қахтиҳои Хуросон ӯ ба Озарбойҷони имрӯза-Аррон рафта, дар солҳои 50 асри XI хизмати дарбори ҳокими Аррону Нахчувон Абудулафи Дайрониро ихтиёр намуд. Вай моҳи шавволи соли 447—1056 китоби тиббии Абумансур Муваффакуддин Алии Харави Китобулабния ан хакоикиладвия-ро нусхабардори намуда, сипас дар давоми ду сол достони Гаршоспнома-ро ба риштаи назм кашида, онро соли 458/1065-66 ба итмом расонд. Баъди муддате Луғати фурс-ро таълиф намуд. Нихоят аз Нахҷувон ба Они рафта, дар хизмати Шучоъуддавла Манучехр ибни Шовури Шаддоди, ки аз соли 456—1064 сар карда, 30 сол дар Афғонистон ҳукмрон буд, камар баст. Соли 1072 Асади мунозираи Найзаву камон-ро барои ин ҳоким навишт. Ба ғайр аз ин, Асадии Тӯсӣ қасидаҳои Замину осмон, Шабу рӯз, Габру мусалмон, Арабу аҷам низ дорад, ки ба таври саволу ҷавоб навишта шудаанд. Билохира ба ватани худ баргашта, соли 1073 дар Тӯс аз олам гузашт.


 


1 комментариев для “Гаршоспнома

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *