Гар ишқ бимирад

Муаллифон: Ҳушанг Ибтиҳоҷ (Соя)
Ношир: «Матбааи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон»
Саҳифа: 242
Соли нашр: 2022
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 1,02 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 14 нафар

Дар бораи китоб:

Дафтари ҳозир, ки унвони фархундаи «Гар ишқ бимирад…» бар пешонии он медурахшад, баргузидаи ашъори яке аз шоирони биломунозеи адаби муосири Эрон, Ҳушанг Ибтиҳоҷи Соя аст.

Ӯ аз оғози ҳаёти ҳунарӣ то замони вафоташ қариб ҳафтод сол дар арсаи ҳунару адабиёт, бо килки хаёлангези худ осори фохиру гаронбаҳое офаридааст. Соя дар канори сурудани ашъори арҷдори нимоӣ шефтаи ғазал буд.. Ӯ дар ғазал бо шинохти дақиқи шакли ниҳоии ғазали пешиниён, хусусан Ҳофиз, зимни навовариҳои шоён, роҳи наве пеши ғазал ниҳод ва ғазали муосирро ба пояе аз аҳаммият расонд, ки дигар шоирон ба андозаи ӯ ба чунин тавфиқе даст наёфтаанд. Мо дар ин дафтар бо мухотабони фарзона ва адабомӯхтаи худ ҳамроҳ мешавем, бо зеботарин сурудаҳои Соя: ситоиши зебоӣ, ишқу муҳаббат, бузургии инсон, исолати инсонӣ ва дар маҷмуъ зиндагӣ!


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.