Дар бораи китоб:
Сухан фаришта дорад ва он фаришта маъност. Искандари Мирзо солҳост, ки дунболи ёфтани фариштаи сухан мегардад ва инак, ламъае аз бозёфтаҳои худро аз олами рӯъё, тахайюл ва тафаккур ба шефтагони каломи мавзун армуғон намудааст. Умедворем, аз сайру саёҳат дар олами тахайюлоту тасаввуроти ин адиби рангинхаёл як ҷаҳон таассурот бигиред ва дар интизори нигоштаҳои тозаи ӯ бимонед.