Дар бораи китоб:
Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст. Романи “Фаришта дар дӯзах” аз сарнавишти духтаре ҳикоят мекунад, ки бархурдҳои ношӣ аз мавзеъгириҳои қолабӣ дар баробари як зан, ӯро ба моҷароҳои боварнокарданӣ гирифтор кард. Танҳо гуноҳаш ин буд, ки аз толеъи бад талабгори зиёд надошт ва дар хонаи падар мондагор шуд. Падар ба ӯ рӯи хуш намедод ва рӯзгорашро сиёҳ мекард. Саранҷом, аз тарси “ҳарфи мардум”, зиндагии духтарашро гӯё “сомон” дод ва ӯро бо як издивоҷи аҷулона ба гирдоби ғарибӣ, хориву зорӣ ва таҳқиру таҷовуз афканд. Дар он кишвар, ки аз қаҳрамони роман бардаи зархарид ва “ғариба” ном мебурданд, ӯ оташи дӯзахро дар ҷони худ имтиҳон кард. Аз ин беш намегӯем, то ҳаваси хондани роман аз байн наравад.
Чаҳор достони дигар низ аз сарнавишти инсонҳо ва чархиши ғайриинтизори зиндагӣ ҳикоят мекунанд. Муаллиф ин достонҳоро барои оммаи мухотабон ва бо намунае аз сабки зебои носирӣ пешкаш кардааст.
Муаллиф ин китобро ройгон ба хонандагонаш тақдим мекунад.