Дӯстон дар коинот

Муаллиф: Ҳоҷӣ Умархӯҷаи Истаравшанӣ
Ношир: «Сурушан»
Саҳифа: 112
Соли нашр: 2004
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 692 Kб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 21 нафар

 


Дар бораи китоб:

Ҷавонӣ олами хаёлоти рангин ва орзуҳои баландпарвозу ширини зиндагист. Дар ин китоб аз хусуси чанд лавҳаи ҳаёт ва саъю кӯшиши як зумра ҷавононе, ки дар дил орзуҳои нек доранд, ташнаи илму маърифатанд, худогоҳу бедордиланд ва дар пайи дарёфти асрори коинот ҳастанд, сухан меравад. Муаллиф амалиёт, муносибат, хислату характер, дараҷаи идроку дониш, ҷаҳонбинӣ, фикру ақидаи қаҳрамонони асар дар бораи пешрафти илму техника ва чигунагии ҳаводиси коинот ва симои мушаххаси ҳар кадоме аз онҳоро гоҳо ба тавассути нақл ва бештар ба воситаи муколамаҳои шавқангез бо тасвироти хаёлӣ ба қалам додааст. Ин китоб барои наврасону ҷавонон ва онҳое, ки завқманди мутолиаи осори фантастикӣ ҳастанд, таълиф шудааст. Умед аст, ки он мақбули хонандагони азиз мегардад.

Метавон гуфт, ки мутолааи асари Ҳоҷӣ Умархӯҷаи Истаравшанӣ «Дӯстон дар коинот» дар қалби ҷавонон шарораи шавқу муҳаббат ба донишу касбандӯзӣ ва саъю кӯшиш ба ихтироотро фурӯзон мегардонад ва онҳоро барои расидан ба орзуву мақсадҳои наҷиб раҳнамун месозад. Умед аст, ки муаллифи мӯҳтарам бо эҷоди қисми дуюми китоби худ хотири мухлисонашро шод мегардонад.



Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *