Дурахши ситора

Муаллиф: Алӣ Бобоҷон
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 320
Соли нашр: 2012
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 1,95 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 33 нафар

 


Дар бораи китоб:

Маҷмӯаро мавзӯъҳое фаро мегирад, ки дар онҳо касбу пешаҳои мухталиф дар мисоли рӯзгору фаъолияти соҳибистеъдодҳо, номварону номбардорони сарзамини аҷдодӣ ба қалам омада, аз як тараф, мутолеонро аз бисёр ҷиҳат баӣ гузаштаҳои пурифтихорамон мешиносонанд ва аз ҷониби дигар, дастури боэътимоде ҳастанд пайи ҳадафҳои шойиста ҳидоят кардани хонандаи имрӯз.


Дар бораи муаллиф:

Зиндагинома

Алӣ Бобоҷон (тав. 10 феврали 1936 шаҳри Конибодом — шоир ва нависандаи тоҷик. Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1982), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва журналистони СССР (1972).

Соли 1959 факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм кардааст. Фаъолияташро дар рўзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») оғоз намуда, минбаъд дар дигар нашрияю нашриёт идома мебахшад. Аз соли 1992 ба сифати ходими калони илмии Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон заҳмат кашидааст. Соли 2016 дар зодгоҳи адиб шаҳри Конибодом маҳфили адабии «Шаҳдрез» ба ҷашни 80-солагии шоири ширинсухан, публисисти оташинсухан, зиёии асил, нависанда, ва тарҷумони маъруф, аъзои иттифоқҳои нависандагон ва журналистони Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи ҷумҳурӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон, инсони накӯному накӯкор Алӣ Бобоҷон бахшида шуд.

Маҳфил бо иштироки васеи аҳли қалами шаҳр ва ҷавонону наврасон доир гардида, инчунин ба он меҳмонон академик Акбар Турсон, шоирон Ҷӯра Ҳошимӣ ва Юсуфҷон Аҳмадзода аз пойтахти кишвар ташриф оварданд.

Эҷодиёт

Муаллифи қариб шашсад очерку мақола ва публисистика аст, вале шўҳрат ва шахсияти адабиаш ба хотири ашъори бачагона бештар зуҳур гардидааст. Аввалин асарҳояш соли 1955 рӯи чопро дидаанд. Асосан барои бачагону наврасон менависад. Осори манзумаш дар маҷмӯъаҳои «Бачаҳои хуб» (1963), «Мусича» (1965), «Гули бодом» (1966), «Парвози орзу» (1971), «Мавҷи сурур» (1973), «Некӣ ба некӣ» (1976), «Усто-парасту» (1978), «Нилуфар» (1980), «Осмондара» (1981), «Намаки зиндагӣ» (1986), «Зардолуи маҳтобӣ» (1988), «Атри кӯҳистон» (1993), «Базмия» (2000), «Шеъри истиқлол» (12001), «Сад барги Ҳисор» (2001), «Обаки зарин» (2003), «Пайғоми парасту» (2003), «Алифбои парандаҳо» (2004), «Меҳрпайванд» (2006), «Мусиқии баҳор» (2008), «Наврӯзи наврасон» (2012) ба табъ расидаанд.

Дастае аз асарҳои насрии Алӣ Бобоҷон (ҳикоёти воқеӣ, очеркҳои ҳуҷҷатӣ ва мақолаҳои публитсистӣ) дар китобҳои «Домулло Азизов» (1970), «Нахустқаҳрамони тоҷик» (1979), «Тоҷикистони ман» (1983), «Чароғи Ӯялӣ» (дар ҳаммуаллифии Собири Шоҳонӣ; 1996), «Соҳибҳунар» (1998), «Писархонди алоқачиён» (1999), «Конибодом» (дар ду ҷилд), «Меҳрпайванд» (2006), «Дурахши ситора (дар ду ҷилд, 2012) ва ғ. фароҳам омадаанд. Силсилаи мақолаҳои ӯ дар ҷилдҳои гуногуни Энсиклопедияи советии тоҷик ба табъ расидаанд.

Аз таронасароёни варзидаи кишварамон буда, панҷоҳ сол инҷониб ҳамроҳи бастакору мутрибони ҷумҳурӣ дар равнақи суруди миллӣ заҳмат мекашад. Соли 1984 дар Озмуни «Беҳтарин суруд дар васфи Тоҷикистон» ҷойи аввал насибаш гардидааст. Бисёр шеърҳои ӯ дар силсилаи «Китобхонаи бачагони халқҳои ИҶШС», ки ҷумҳуриятҳои шӯравӣ ба табъ мерасонданд, интишор ёфта, ба русию украинӣ, белорусию ӯзбекӣ, арманию озарӣ, қазоқию қирғизӣ, эстонию литвонӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва чоп шудаанд. Китоби шеърҳояш «Устопарасту» (Боку, 1978) ба забони озарӣ, Мусиқии баҳор» (2008) ба забони озарӣ ба табъ расидааст. Намунаҳои ашъораш дар Эрону Афғонистон ҳам чоп шудаанд. Тарҷумаи китобҳои шоирони озарӣ:Т.Муталлибов «Чӯҷаҳо», С.Мамадзода «Калид», тазкираи шуарои Вйетнам «Муҳаббат ва ғазаб» ба қалами ӯ мансубанд. Тарҷумаи тоҷикии силсилаи шеъру манзумаҳои ба Тоҷикистон бахшидаи шоирони ҷаҳонро дар «Китоби дӯстӣ» (1989) дастраси умум гардондааст.

Ҷоизаҳо

  • Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1982),
  • Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998),
  • «Нишони сухан»,
  • Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1971).

Адабиёт дар бораи Алӣ Бобоҷон

  • Абдуллоев, Н. Бобоҷон Алӣ [Матн] // Энсиклопедияи Со­ветии Тоҷик. – Душанбе, 1978. – Ҷ.1. – С.467.
  • Алӣ Бобоҷон [Матн] // Тазкираи адабиёти бачагон. – Душанбе, 1979. – Ҷ.1. – С.297-298.
  • Саидзода, С. Насими баҳор [Матн] // Адабиёт ва санъат. – 1988. – 31 август.
  • Алиева, Н. Зардолуи ширин [Матн] // Газетаи муаллимон. – 1989. – 11 феврал.
  • Маниёзов, А. Писандидагуфтору нозукхаёл [Матн] // Садои Мардум. – 1996. – 14 сентябр.
  • Қаҳҳорӣ, А. Умре, ки сарфи шеър аст [Матн] // Ҷумҳурият. – 1997. – 12 апрел.
  • Алӣ Бобоҷон // Адибони Тоҷикистон [Матн]: Маълумотнома. – Душанбе: Адиб, 2002. – С.126-128.
  • Бобоҷон Алӣ [Матн] // Конибодом. – Хуҷанд, 2006. – С.103.

 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *