Дар бораи китоб:
«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ на танҳо бунёдгузори назми волои ватандӯстӣ, балки сарахбори шеъру достонҳои фаровони ахлоқиву ошиқона ва намоишномаву филмномаҳои дилраси адабиёти тоҷику форс ҳам ҳаст. Тавассути ин ҷилд достонҳои дилангезе аз ин асари безавол манзури хонандаи хушзавқу худшинос мешаванд.