Девони шарқӣ-ғарбӣ

Муаллиф: Иоҳанн Волфганг Гёте
Тарҷумон: Маҳмуди Ҳаддодӣ
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 384
Соли нашр: 2011
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 2,53 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 200 нафар

Дар бораи китоб:

Адабиёти форсу тоҷик садҳо фарсанг фаротар аз марзҳои ҷуғрофиёӣ-сиёсии Эрону Тоҷикистон то ба дурдасттарин марзҳо конунҳои зояндае дорад, ки аз ҷумлаи онҳо шаҳри Қустантанияи куҳан аст. Дар ин шаҳр дар соли 1813 Жозеф фон Ҳаммер Пургштал – сафир ва мутарҷими утришӣ бо девони Ҳофиз ошно шуд ва бо тарҷумае, ки аз ин китоб кард, шеъри форсу тоҷик ба кишварҳои олмонизабон ва ба ин тартиб то ба қалби Аврупо роҳ ёфт. Иоҳанн Волфганг Гёте (1749-1832) – чеҳраи маъруфи адаби олмонӣ аз ҳамин тарҷума илҳом гирифта, ба пайравӣ аз Ҳофиз ва дигар шоирони ин марзу бум девони ҳозирро пардохт ва бо ин асари арзишманд, ки таркибе аз сухану сулуки ғарбиву шарқист, чароғи шеъри Аҷамро дар Аврупо низ афрӯхт ва номи Ҳофизро дар ин қора ба дурахшиш даровард. Ин дафтари пирии он шоири ҷаҳонватан, инак, баъд аз ду қарн дар маҷмӯаи комили худ ба хонандагони тоҷик арза мешавад.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *