Девони Камол

Муаллиф: Камоли Хуҷандӣ
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 480
Соли нашр: 2015
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 1,84 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 115 нафар

 


Дар бораи китоб:

Девони Шайх Камоли Хуҷандӣ бар мабнои нусхаи дастнависи куҳани шумораи 4739, ки дар китобхонаи Остони Қудси Разавии Машҳад маҳфуз аст, мураттаб шудааст. Китобати ин нусха дар айёми зиндагии шоир (дар охири ҳаёташ) аз ҷониби хушнависи номаълуме шурӯъ гардида, пас аз даргузашти ӯ ба анҷом расидааст. Нусхаи дастнависи мазкур бори аввал мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Таҳиягар нусхаи мазкурро аз рӯйи алифбои форсӣ аз нав тадвин кардаву иштибоҳоти матни ғазалҳоро дар муқоиса бо нусхаҳои муътабари дигар тасҳеҳ намудааст. Китоб, ки барои оммаи васеи хонандагон пешниҳод мешавад, калимаву таркибҳои душворфаҳми матни ғазалҳо дар охир тавзеҳ карда шудаанд.


Дар бораи муаллиф:

Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ (порсӣ: کمال‌الدین مسعود خُجندی ) — маъруф ба Шайх Камол аз орифон ва шоирони порсигӯи садаи XIV милодӣ аст.

Зиндагинома

Камоли Хуҷандӣ дар соли 1321 дар шаҳри Хуҷанд дида ба ҷаҳон кушодааст. Ҷавонияш дар зодгоҳаш гузашта ва маълумоти ибтидоиро низ дар он ҷо омӯхтааст. Сипас таҳсили улумро дар шаҳрҳои Самарқанду Шош давом додааст. Вай дар ҳузури устодон аз китоби машҳури Саккокӣ «Мифтоҳ», ки дар он айём асоси таълими забон ва адабиёт ба шумор мерафт, «Алкашшоф»-и Замахшарӣ, «Матолеъ», «Мисбоҳ» ва ғайра дарс омӯхтааст. Камол яке аз донишмандони бузурги замони худ буд.

Камоли Хуҷандӣ пас аз сафари ҳаҷ ба Макка, дар шаҳри Табрез монд ва дигар ба зодгоҳаш барнагашт. Вай дар Табрез зиндагии ороме ёфта ва вопасин рӯзҳояшро низ дар ин шаҳр гузарондааст. Ба дастури султон Увайс барои шоир дар доманаи хушбоду ҳавои Волиёнкӯҳ хона ва боғ сохта шуд ва хонагоҳи Камоли Хуҷандӣ маҷлисгоҳи шоирону орифон шуд.

Шайх Камоли Хуҷандӣ ҳангоми тохтутози Тӯхтамишхон ба Табрез ҳамроҳ бо дигар асирону ғаниматҳо ба шаҳри Сарой бурда шуд ва чаҳор (ё ёздаҳ) сол дар он шаҳр монд. Асорату ғурбатро бо ёди Табрезу дӯстони табрезияш ба сар бурд ва ниҳоят дубора ба Табрез баргашт.

Камоли Хуҷандӣ соли 1401 дар Табрез даргузашт ва дар боғаш ба хок супорда шуд. Дар канори оромгоҳаш нигоргарон Камолиддин Беҳзод ва Султон Муҳаммад Наққош ва шоирон Машрабии Шервонӣ ва Тусӣ низ хобидаанд.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *