Дар қаламрави Бедил

Муаллиф: Абдуллоҳи Раҳнамо
Ношир: «?»
Саҳифа: 159
Соли нашр: 1997
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 677 Кб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 95 нафар

 


Дар бораи китоб:

«Дар қаламрави Бедил» яке аз рисолаҳои тадқиқотии даврони ҷавонии Абдуллоҳи Раҳнамо мавзӯи бедилшиносӣ мебошад. Он навиштаи сода аст, вале аз диди мавзӯъ бисёр ҷолиб буда, сарчашмаҳои васеъ ва дақиқро фаро гирифтааст ва ошноӣ бо он аз фоида холӣ нест.

Римола барои дӯстдорони фарҳангу адабиёт тақдим мегардад.


Муқаддимаи соли 2020

Рисолаи таҳқиқии «Дар қаламрави Бедил» ба мавзӯи таъсиргузории сабку афкори яке аз бузургони фарҳангу адаби мо -Мирзо Абдулқодир Бедили Деҳлавӣ бар ҳавзаҳои гуногуни адабиёти форсӣ – Ирон, Афғонистон ва Осиёи Марказӣ ва пайравии сабкию фикрии наслҳои баъдӣ аз осори ӯ бахшида шудааст. Бо пешниҳоди матни дастнависи он чанд нукта таъкид мегардад, ки хонандаи гиромӣ лутфан дар назар дошта бошад:

  1. Рисолаи ҳозир солҳои 1996-1997, яъне дар замони ҷавонии муаллиф ва ҳудуди 25 сол пештар таҳияи шудааст ва сатҳи он то ҷое навкорона аст. Аммо мавзӯи он аз назари адабиётшиносӣ хеле муҳим буда, маълумоту мазмуну хулосаҳояш барои аҳли илму адабиёт, хусусан барои дӯстдорони каломи Бедил сарчашмаи бисёр хуб хоҳад буд.
  2. Бинобар гузашти ин муддат, имрӯз вазъияти бедилгароӣ ва бедилшиносӣ дар Тоҷикистон, Ирон ва Афғонистон то ҳадде тағйир ёфта, дар ин самт падида ва осори дигаре низ ба миён омадаанд. Хусусан, дар ин муддат инАбдуллоҳи Раҳнамо мавзӯъ дар ҳавзаи адабии Ирон таҳаввули амиқ ёфтааст. Бинобар ин, рисолаи ҳозир вазъи ин мавзӯъ то соли 1997-ро дар бар мегирад.
  3. Чун он вақт дар Афғонистон «даврони Толибон» буду ба муҳити адабӣ ва осори чопии ин ҳавза дастрасии мустақим надоштем, боби сеюми рисола, ки ба ҷойгоҳу нуфузи Бедил дар Афғонистонро дар бар мегирифт, ҳамчунон нотамом мондааст.
  4. Аз баски рисола барои чопи силсилаӣ дар маҷаллаи адабии иронии «Ошно» таҳия шуда буд, дар забонаш баъзе истилоҳоти он ҳавзаи забон корбурд ёфта, ҳамчунин дар он талоши барои хонандаи ҳавзаи адабии Ирон муаррифӣ намудани баъзе шахсияту суннатҳои муҳити адабии Мовароуннаҳр низ мушоҳида мешавад. Матни ҳозир дастхати кории муаллиф буда, нусхаи ниҳойӣ ва чопии китоб, ки бояд соли 1998 ба алифбои форсӣ нашр мешуд, ҳоло дастрас нест.
  5. Агар умр боқӣ бошад, дар фурсати муносиб ин китоби аз назари мавзӯӣ бароям муҳимму ҷолиб такмил гашта, дастгоҳи илмии он дуруст шуда, фарогирии он бо вазъи имрӯзи масъала дар ин се ҳавзаи адабӣ ва низ ҳавзаи Ҳинд мутобиқ карда ва чопи коғазии он анҷом хоҳад шуд.

Абдуллоҳи Раҳнамо


 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *