Борони ҳидоят

Муаллиф: Ашӯр Сафар
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 336
Соли нашр: 2008
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 1,39 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 35 нафар

 


Дар бораи китоб:

Шоири Халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ Ашӯр Сафар дар шеъру сухан, ҷаҳони маънавӣ ва ҳунар бадеияти худро дорад, ки ба каси дигар монанд нест. Зиёда аз панҷоҳ сол ӯ ба мардум аз накӯиву хушӣ, ҳиммату одамгарӣ, меҳру вафо, покиву садоқат сухан гуфтааст. Подоши ин ҳама маҳбубиятест, ки мардум ба сухани ӯ ва шахсияти мардумии нотакрораш доштанду доранд.

Китоб мунтахабест ба муносибати 80-умин солгарди шоир, ки аз шеъру ғазалҳои дилнишин фароҳам омадааст.


Дар бораи муаллиф:

Зиндагинома

Ашӯр Сафар 1 майи 1928 дар деҳаи Руботинтак, ноҳияи Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Курси дусолаи муаллимтайёркуниишаҳри Кӯлоб (1953) ва факултети филологияи тоҷики Институти педагогии Кӯлоб (ҳозира ДДК)-ро хатм кардааст (1958). Омӯзгори мактаб (1951–1956; 1973–1975), нозири шуъбаи маорифи халқи Кӯлоб (1958–1959), ходими адабии рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб» (1959–1963), мухбири махсуси Радиои тоҷик дар собиқ вилояти Кӯлоб (1963–1969), инчунин дар вазифаҳои гуногуни соҳаи маорифи халқи шаҳри Кӯлоб (1969–73), директори стансияи табиатшиносони ҷавони собиқ вилояти Кӯлоб (1975–1980) кор кардааст. Аз соли 1980 омӯзгори мактаби миёна. Ӯ 10 январи 1997 дар шаҳри Кӯлоб вафот кардааст.

Эҷодиёт

Аввалин шеъраш соли 1951 ба табъ расидааст. Муаллифи маҷмӯаҳои «Ибтидои роҳ» (1964), «Илҳом» (1970), «Фарзанди аср» (1973), «Хандаи гулҳо» (1976), «Дастёри додо» (1979), «Самари умр» (1980), «Гули моҳтоб» (1983), «Базми садоқат» (1984), «Раиси Миралӣ» (1985), «Холи фатир» (1987), «Гулгардонӣ» (1989), «Гулбоғ» (1990), «Цветок луны» (1992), «Достони нотамом» (1997), «Гулчини ашъор» (1997), «Мунтахабот» (1998), «Гуфтори алифбо» (2005), «Борони ҳидоят» (2008) аст. Дар эҷодиёти Ашӯр Сафар ҳаҷв мавқеи муҳим дорад. Нахустин маҷмӯаи ашъори ҳаҷвиаш «Гапи падар» (1987) буда, шахсони муфтхӯр, фиребгару қаллобро зери танқид гирифтааст. Маҷмӯаи ашъораш «Плоды жизни» (ба забони русӣ, 1984), «Гулчини ашъор»-аш (ба хатти арабӣ, Т., 1997) ба табъ расидаанд. Ҳамчунин осори адибони гуногуни ҷаҳон Р. Ҳамзатов, П. Хузангай ва дигарон шоирони замони шӯравиро ба тоҷикӣ гардондааст. Ашъори ҷудогонааш ба за­бонҳои русӣ, ӯзбакӣ, арманӣ, қирғизӣ, туркманӣ ва ғ. тарҷума шуда, тарҷумаи маҷмӯаҳои Семен Данилов «Офтоби зимистон» (1985), Қармис Дусанов «Табассуми офтоб» (1987) ва Захария Станку «Сатрҳои одӣ» (1990) ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Очерку мақолаҳояш дар матбуот нашр шудаанд.

Ҷоизаҳо

Некдошт

Дар шаҳри Кӯлоб майдон, китобхона, мактаби миёнаи № 50 ва кӯчае ба ифтихори Ашӯр Сафар номгузорӣ шудаанд.


 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *