Биё, дилро ба барги гул бипечонем

Муаллиф: Низом Қосим
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 384
Соли нашр: 2018
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 1,55 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 17 нафар

Дар бораи китоб:

Маҷмӯаи нави Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Низом Қосим шомили навиштаҳоест, ки халқи озоду Ватани обод, Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибиқбол, ҳамзамонони сарбаланду арҷманд ва эҳсоси зебову идроки волои инсони огоҳдилу худшиносро васф мекунанд.


Дар бораи муаллиф:

Низом Қосим пури Ҷаҳонгир – адиб, Шоири халқии Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати IV, Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Зиндагинома

Низом Қосим пури Ҷаҳонгир 16 сентябри соли 1958 дар шаҳри Қурғонтеппа таваллуд шудааст.

  • Cоли 1979 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро бо ихтисоси филолог – журналист хатм кардааст.
  • ба ҳайси мухбири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», корманди идораи тарғиботии Иттифоқи нависандагон, муҳаррири нашриёти «Адиб» ва сармуҳаррири Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
  • Солҳои 2006-2010 дар мансаби Директори муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон – Баҳористон» кор кардааст.
  • Аз марти соли 2010 то ба имрӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
  • 1 марти соли 2015 ҳамчун вакил ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шудааст.
  • июни соли 2015 дар анҷумани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо аксарияти овозҳо Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шудааст. (бинобар ин, ӯ ваколати вакили МО ҶТ ба дигар нафар аз аъзои ҲХДТ — Саидқул Билолов супоридааст).
  • Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Ҷоизаҳо

  • Бо медали «Хизмати шоиста»,
  • унвони Шоири халқии Тоҷикистон,
  • медали ҷашнии «20 – солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон»
  • Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сарфароз гардидааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *