Бачаҳои чобуксавор

Муаллиф: Абдумалик Баҳорӣ
Ношир: «Орбита»
Саҳифа: 80
Соли нашр: 2020
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 1,59 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 14 нафар

Дар бораи китоб:

Хонандаҳои азиз. Китоби «Бачаҳои Чобуксавор» намунаи асарҳои фантастикӣ (тахайюлӣ) мебошад. Фантастика яке аз жанрҳои маъмул дар адабиёт мебошад, ки дар он воқеаҳо бо истифодаи фарзияи афсонавӣ, яъне «унсури ғайриодӣ» тасвир меёбанд. Дар чунин навъи асарҳо гумони хаёлӣ бо фарзияи воқеӣ муқоиса мешавад.

Ин асар бори нахуст дар замони шӯравӣ чоп шуда, дар нашри такрорӣ он бо баъзе аз ихтисораҳо таҳия шудааст. Ҳамзамон ба хотири вайрон нашудани услуби нависанда ва пайванди воқеаҳо истилоҳу калимаҳои он бетағйир гузошта шуда, дар поварақ шарҳи баъзе аз вожаву истилоҳҳои душворфаҳм оварда шудааст.

  • Китоби мазкур бо кумаки мардуми Амрико нашр шудааст, ки аз Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба хонанда дастрас карда мешавад. Мазмун ва мундариҷаи китоб маҳсули фикри муаллиф буда, метавонад, бо нуқтаи назари USAID ва ҳукумати ИМА мувофиқат накунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *