Ба саломи шукуфаҳо

Муаллиф: Аскар Ҳаким
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 440
Соли нашр: 2012
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл:  1,51 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 19 нафар

 


Дар бораи китоб:

Ин китоби ашъори Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Аскар Ҳаким аз шеъру достонҳое фароҳам омадаанд, ки дар онҳо эҳсосоти гарму ҷӯшони фарогир ва андешаҳои амиқи шоир дар бораи зиндагӣ, ҳастии инсон, ишқу умедҳои ӯ дар анвои гуногуни шеърӣ аз суннатӣ – ғазалу рубоиву дубайтиву маснавӣ то анвои тоза ифода гаштаанд. Доманаи пурвусъати мавзӯъву мӯҳтаво, ҳаррангии анвои шеърӣ, жарфои тафаккуру тозагии сухану сувари хаёл маҳсули истеъдоди баркамоли шоиранд.


Дар бораи муаллиф:

Зиндагинома

Аскар Ҳаким 10 октябри 1946 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1967 факултаи таъриху филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро ба итмом расонда, ду сол дар идораи барномаҳои ҷавонон ва наврасони Кумитаи телевизион ва радиои ҶШС Тоҷикистон муҳаррир будааст. Солҳои 1969-1974 аспиранти кафедраи таърихи адабиёти советии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов, баъдан муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ», муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон», сипас сармуҳаррири ҳамин ҳафтанома (ҳозира «Адабиёт ва санъат), аз соли 1991 то марти 2003 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст. Алҳол ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ мебошад.

Эҷодиёт

Осори адабиётшиносиаш дар маҷмӯаҳои «Шеър ва замон» (1978), «Дар қаламрави сухан» (1982) «Творцы созвучий» (Маскав, 1988), «Испытане поэзией (1992) ва ғ. ба табъ расидаанд. Соли 1974 дар мавзӯи «Ворисияти таърихӣ ва навпардозиҳои шоирона» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Дар баробари пешбурди фаъолияти журналистӣ, мунаққидӣ ва адабиётшиносӣ, пайваста шеърофаринӣ кардааст. Ашъори дар солҳои гуногун офаридааш дар авроқи кутуби «Раҳнавард» (1983), «Тарозуи Офтоб» (1987)), «Путник» (Маскав, 1989), «Рӯзи умед» (1990), «Рубоиёт» (1992), «Баргпайванд» (дар алифбои ниёкон; Ню-Йорк, 1993), «Шаҳри меҳолуд» (ба ҳуруфи ниёкон; 1993), «Баргузидаи ашъори Аскар Ҳаким» (Теҳрон, 1995), «Ашъори мунтахаб» (2012) ва ғ. нашр гардидаанд. Ашъораш, бар иловаи русӣ, ба чанде аз забонҳои дигари хориҷӣ ҳам интишор ёфтаанд. Осори В.Биков «Сотников» (1979), М.Ю. Лермонтов «Хазинадорзани Тамбовӣ» (1981), Г. Эмин «Аср, замин, ишқ» (1983), А. Данте «Мазҳакаи илоҳӣ» (бахши «Дӯзах», 1987) ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст. Мураттиби китоби «Лирика. Из персидско-таджикской поэзии» (Маскав, 1987) мебошад.

Баргузидаи ашори Аскар Ҳаким ба номи Баргпайванд дар соли 1993 дар Америко ба чоп расид.

Ҷоизаҳо

  • Шоири халқии Тоҷикистон,
  • барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ,
  • Корманди шоистаи Тоҷикистон.

АЗ АСКАР ҲАКИМ БА НАШР РАСИДААСТ:

АШЪОР

  1. «Раҳнавард». Нашриёти «Ирфон»,1983, 112 саҳ.
  2. «Тарозуи офтоб». Нашр.,» Ирфон», 1987, 176 саҳ.
  3. «Путник». Москва. Изд-во., «Молодая гвардия», 1989, 96 стр.
  4. «Рӯзи умед». Нашр., «Адиб»,1990, 270 саҳ.
  5. «Рубоиёт». Нашр., «Ирфон», 1992. (ба забонҳои тоҷикӣ, форсӣ ва арабӣ)
  6. «Баргпайванд». Нию-Йорк. Нашр., «Форобӣ»,1993, 104 саҳ. (ба ҳуруфи форсӣ)
  7. «Шаҳри меҳолуд». Лос-Анҷелос, 1993, 56 саҳ. (ба ҳуруфи форсӣ)
  8. «Баргузидаи ашъори Аскар Ҳаким». Теҳрон. Нашр., «Ал-ҳудо», 1995, 250 саҳ.
  9. «Илтиҷо аз уқоб». Ройзании фарҳангии ҶИЭ. Душанбе, 1998, 82 саҳ.
  10. «…Боз мерасад хуршед». Нашр., «Адиб», 2002, 288 саҳ.
  11. «… И снова взойдет солнце». Москва. «Советский писател»,2004, 100 стр.
  12. «Санги ман – алмос». Нашр., «Адиб», 2006, 332 саҳ.
  13. «Мунтахаби ашъор». Хуҷанд. Нашр., «Ношир», 2008, 690 саҳ.
  14. «Замини сабзи боварҳо». Нашр., «Адиб», 2008,283 саҳ.

НАҚДИ АДАБӢ

  1. «Шеър ва замон». Нашр., «Ирфон»,1978, 254 саҳ.
  2. «Дар қаламрави сухан». Нашр., «Ирфон», 1982, 222 саҳ.
  3. «Творцы созвучий». Москва. «Советский писател»,1988, 256 стр.
  4. «Испытание поэзией». Изд-во., «Адиб», 1992, 238 стр.

ТАРҶУМА

  1. В.Быков «Сотников». (Қисса). Нашр., «Ирфон», 1979, 167 саҳ.
  2. М.Лермонтов «Хазинадорзани тамбовӣ». (Манзума). Нашр., «Ирфон», 1981, 20 саҳ.
  3. Г.Эмин «Аср, замин, ишқ». (Маҷмӯъаи ашъор) Нашр., «Ирфон», 1983, 96 саҳ.
  4. Данте Алигери «Мазҳакаи илоҳӣ» (Дӯзах). Нашр., «Адиб», 1987, 208 саҳ.

ТАҲИЯ

  1. Лирика. Из персидско-таджикской поэзии. Москва. Изд-во., «Художественная литература»,1987, 464 стр.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *