Баҳористон

Муаллиф: Абдураҳмони Ҷомӣ 
Ношир: «Маориф ва фарҳанг»
Саҳифа: 139
Соли нашр: 2008
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 1,33 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 385 нафар

Дар бораи китоб:

«Баҳористон»-и бехазон аз гаронмоятарин осори тарбиявӣ ахлоқии адабиёти ҷаҳону форсизабон ва эҷодиёти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492) буда, бештар аз 500 сол мешавад, ки дар тарбияти ахлоқи ҳамидаву атвори писандидаи инсоният ҳиссаи сазовор мегузорад.

Нашри ҳозира, ки нашри савуми илмӣ-оммавии асар дар Тоҷикистон мебошад ва ба 520-умин солгарди таълифи он мувофиқ меояд, матни мукаммали онро фароҳам оварда, бо сарсухани муфассал ва шарҳу тавзеҳоти мудаллал оро ёфтааст, то кори хонандагони азизи гуногунсолро осон гардонад.

Чунон ки худи Мавлоно дар муқаддимаи китоб менависад, «илтимос аз тамошойини ин риёзи холӣ аз хори мулоҳазаи аърозу хошоки мутолабаи аъвоз он, ки чун ба қадами иҳтимом бар инон бигзаранду ба назари иътибор бар инҳо бингаранд, боғбонро, ки дар тарбияташон хуни ҷигар хӯрдаасту дар танмияташон ҷони ширин бар лаб оварда, ба дуъое ёд кунанду ба санное шод гардонанд».


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.