Баҳориёт

Муаллиф: Сайидои Насафӣ
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 36
Соли нашр: 2007
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 1,63 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 45 нафар

Дар бораи китоб:

«Баҳориёт» ё «Ҳайвонотнома» — яке аз асарҳои мукаммали Сайидои Насафӣ буда, дар он беҳтарин ақидаҳои сиёсиву иҷтимоии шоир ифода ёфтаанд.

Асар аз ҷиҳати сохт тамсилист, зеро персонажҳои он ҳайвонотанд. Аз тарафи дигар «Баҳориёт» аз рӯйи мазмун асари мунозиравӣ мебошад. Дар он ҳайвоноти гуногун бо Мам мунозира карда, аввал рақибашонро мазаммат карда, сониян худро ситоиш менамоянд. Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик то Сайидо Мамин зайл асармо кам набуданд. Мунозира ҳанӯз аз давраҳои қадим аз эҷодиёти халқ сарчашма мегирад. тавре ки худи шоир мегӯяд, «Баҳориёт»-ро дар як муддати кӯтоҳ (ду-се рӯз) дар давраи ҳукмронии Абдулазизхон (1645—1680) соли 1091-и ҳиҷрӣ, яъне 1680-и мелодӣ ба анҷом мерасонад:

Ин нусха, Сайидо, ба ду-се рӯз шуд тамом,
Дар рӯзгори ҳазрати Абдулазизхон.
Таърих аз ҳазору навад як гузашта буд,
Аз ҳиҷрати расул — шаҳи охируззамон.

Каҳрамонони ин асар ҳайвонхо мебошанд, ки шумораашон ба 18 то мерасад.


Дар бораи муаллиф:

Сайидои Насафӣ (форсӣ: سیدای نسفی‎; 1637, Насаф — 1711) — шоири асримиёнагии тоҷик. Дар асрҳои XVI—XVII зиндагӣ кардааст.

Зиндагинома

Саййидои Насафӣ дар соли 1637 дар шаҳраки Насаф таваллуд шуда буд. Ӯ аз хурдӣ истеъдоди хуби шеъргӯйи дошт. Аз ҳамин сабаб падараш Миробид фарзандашро ба шаҳри Бухоро барои илмомӯзӣ фиристод. Муаллифи девони ғазалиёт ва «Баҳориёт» мебошад. Дар ашъораш норозигӣ аз сатҳи иҷтимоияш бисёр во мехӯрад. Ғазалҳои ишқии бисёре низ сурудааст.

Сайидо Насафӣ бузургтарин шоири асри XVII ва ибтидои асри ХVIII -и тоҷик аст. Соли таваллудаш маълум нест. Ачдоди ӯ аз Насаф (Қаршӣ) буда, вале худаш дар Бухоро дар оилаи ҳунарманди камбизоат ба дунё омадааст. Зиндагии Сайидо Насафӣ дар аиёми ҷавонӣ ниҳоят душвор ва пурмашаққат гузаштааст. Вай дар Бухоро ба таҳсил шурӯъ карда, дар яке аз ҳуҷраҳои мадрасаи Лаби Ҳавзи Нодир Девонбегӣ маскан гирифта, то охири умр дар он ҷо зиндагӣ кард. Ҳангоми таҳсил ба омӯзиши илмҳои фалсафа, ахлоқ, мусиқӣ, бадеъ машғул шудааст. Зиндагии Сайидо Насафӣ ҳангоми таҳсил дар мадраса ва солҳои аввали хатми он нисбатан осудаҳолона мегузашт, зеро он вақт дӯстони ҳунармандаш ба ӯ ёрии моддӣ мерасонданд. Маҳорати адабии ӯ дар ҳамин давра такмил ёфта, беҳтарин осори дилпазиру пурмазмунаш дар ҳамин айём офарида шудаанд. Ашъораш дар байни мардум паҳн гардида, ҳамчун шоири тавоно ном баровард. Сайидо Насафӣ шоири касбӣ гардид, вале ин боиси аз байн рафтани некуаҳволии ӯ шуд. Сайидо Насафӣ ба сабаби бенавоӣ ва мӯҳтоҷӣ мехост, ки бо кумаки соҳибдавлате ба «ному нон» соҳиб шавад. Ва ӯ бо баъзе амалдорони давлати робита пайдо карда, дар суҳбату маҷлисҳои онҳо иштирок мекунад. Сайидо Насафӣ бо ҳокими Самарқанд Раҳимбой робита дошта, аз ӯ кумаки моддӣ дидааст. Чунон ки аз тазкираи Малеҳо маълум мешавад, Сайидо Насафӣ бо даъвати Раҳимбой ду бор ба Самарқанд рафта, зимнан, бо шоирону фозилони он ҷо ҳамсуҳбат гаштааст. Вале мансабдорони мазкур он соҳибдавлатони суханшиносу ҳунарпарвар набуданд, ки шоир меҷӯст. Аз ин ҷост, ки Сайидо Насафӣ қарор медиҳад, аз арбобони давлат «дасти матлаб» -и худро кӯтаҳ кунад ва аз дари онҳо пояшро канад.

Сайидо Насафӣ низ мисли бисёр аҳли илму адаби он замон аз тангии рӯзгор ба андешаи сафари Ҳиндустон афтод. Вале аз сабаби дил канда натавонистан аз ватан ва ҳамчунин фаро расидани пирӣ ба Ҳинд сафар накард. Беқадрии шеъру шоирӣ дар назди ҳукуматдорон Сайидоро дар айёми пирӣ ба гӯшанишинт водор кард. Вале гӯшанишинии ӯ маънии мардумгурезиро надошт. Шоир фақат бо табақаи ҳукумрон қатъи робита намуда, ба гӯшаи қаноат нишаст. Сайидо Насафӣ дар гӯшанишинӣ аз ризқу рӯзии «таваккалӣ» тадриҷан канда шуд ва шоир бе маблағ ва воситаи рӯзгузаронӣ монд. Аз тарафи дигар Сайидо Насафӣ аз ҳаёти хилватнишинии худ дилгир шуда буд, аз шавқи зиндагӣ ва иштиёқи дидори дӯстон, ба гуфти худаш «дилаш даруни сина метапид». Зеро Сайидо шоири зиндадил буд, бо ҳаёт ва аҳли ҷамъият пайванди зич дошт. Инак, шоир қарор медиҳад, ки гӯшанишиниро тарк карда, ба сӯи «бозор» равад, яъне ба ҷӯши зиндагӣ ворид шавад.

Тибқи ахбори «Убайдуллонома» маълум мешавад, ки Сайидои Насафӣ соли 1707 ҳанӯз зинда буда, ҳамон сол дар мадҳи Убайдуллохон (1702—1711) қасидае гуфтааст. Муаллифи ин сарчашма ҳамчунин дар замони ҳукмронии хони мазкур аз ҳаёт чашм пӯшидани шоирро қайд кардаст. Аз ин рӯ, вафоти ӯ байни солҳои 1707—1711 иттифоқ афтодааст.

Эҷодиёт

Сайидо Насафӣ аз худ осори баландмазмуну рангини фаровон мерос гузаштааст, ки онҳо аз ҷумлаи дурдонаҳои таьрихи адабиёти тоҷик ҳисоб меёбанд. Мероси адабии Сайидо Насафӣ, ки ба шакли куллиёт ва девони ашъор фароҳам омада, то замони мо расидааст, аз ғазалиёт, қасидаву маснавиҳо, мухаммасу мусаддас, рубоиёту қитъаҳо, асари тамсилии «Баҳориёт», «Шаҳрошуб» иборат буда, 8500 байтро дар бар мегирад. Куллиёти Сайидо Насафӣ бо ғазал оғоз шуда, қисми бештари маҷмуаро ташкил медиҳад ва шумораи он ба 550 мерасад, Сайидо Насафӣ дар ғазал анъанаҳои шоирони маъруфи гузаштаро давом дода, ба мавзӯъ, мазмун ва шакли он тозакорӣ дохил кардааст. Вай аз имкониятҳои ғазал моҳирона истифода бурда, дар доираи он мавзӯъҳои танқиди замон ва аҳли он, тарғиби касбу ҳунар, ҳаёти мушкили заҳматкашон, аҳволи халқу мамлакат ва ғайраҳоро баён кардааст. Нуктаи басо муҳими эҷодиёти Сайидо Насафӣ боварии ӯ ба қудрати азими халқ мебошад. У аҳли ситамро огоҳ мекунад, ки ҳар касе ба душмании халқ кор кунад, сари худро мехӯрад.

Дар асари тамсилии “Баҳориёт” («ҳайвонотнома»)-и Сайидо Насафӣ низ ғояи иттифоқу ягонагии халқ баён шудаст. Ин ғоя дар асари мазкур ба шакли тамсил, яъне ба воситаи амалиёт ва гуфтори ҳайвонот ифода гардидааст. Мундариҷаи «Баҳориёт»-ро баҳсу мунозираи 18 ҳайвон ташкил кардааст. Ҳар як ҳайвон хислатҳои бади ҳайвони дигарро баён карда, баъд ба таърифи худ мепардозад. Сайидо Насафӣ дар образи ҳайвонот хислатҳои хоси намояндагони табақаҳои гуногуни ҷамъияти замони худро инъикос намудааст. Сайидо Насафӣ бахшида ба ҳаёти халқи меҳнаткаш, ҳунармандон асаре дорад, ки бо номи «Шаҳрошуб» машҳур аст ва дорои 405 байт мебошад. «Шаҳрошуб» жанри махсуси назм аст, ки ба таъриф ё танқиди гурӯҳи муайяни ҷамъияти шаҳр бахшида шудааст. Сайидо Насафӣ, ки худ намояндаи табақаи меҳнатӣ буд, дар «Шаҳрошуб»-аш ҳунармандону косибонро васф кардааст. Забони асарҳои Сайидо Насафӣ аз забони зиндаи гуфтугӯӣ сарчашма гирифтааст. У сухансароест, ки забони шеъри классикии тоҷикро ба забони гуфугӯии халқ наздик кардааст. Забони осори Сайидо Насафӣ ба сабаби алоқаи наздик ва омезиши худ бо забони гуфтугӯӣ ба забони имрӯзаи тоҷик қаробат дорад. Сайидо Насафӣ гӯё бо забон ва тарзи баёни имрӯзаи тоҷик шеър гуфтааст.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *