Ҳазору як дард

Муаллиф: Гули Мурод
Ношир:
Саҳифа: 224
Соли нашр:
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 1,07 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 47 нафар

Дар бораи китоб:

“Ҳазору як дард” китоби нави Гули Мурод буда фарогири дубайтиҳо ва рубоиёти иншонамудаи ӯст.


Дар бораи муаллиф:

Гули Мурод (Гулмурод Гул Ҷумаевич) 25 майи соли 1959 дар деҳаи зебоманзари Росровути ноҳияи Ғончӣ (ҳозира Деваштич) ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро соли 1976 хатм намуда, таҳсилашро дар Омӯзишгоҳи касбии шаҳри Душанбе идома дод. Сипас, ба ҳайси косиб (пойафзолдӯз) фаъолияташро дар маркази ноҳияи Ғончӣ давом бахшид. Соли 1978 ба хизмати артиши Шӯравӣ даъват шуда, онро бо сарбаландӣ ба анҷом расонид ва баъдан фаъолияти меҳнатияшро аз соли  1980 то 1985 идома дод. Сипас дар факултети педагогии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Хуҷанд (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) ба таҳсил пардохт. Пас аз хатми ин боргоҳи маърифат ба ҳайси омӯзгор дар деҳа фаъолияташро давом дод. Бо сабаби иқтисоди мактабро тарк карда, ба Русия рафт ва ҳоло муқимии он ҷост. Фориғ аз кор ба иншои шеър машғул аст. Гулмурод муаллифи китобҳои “Нафаси тоза”, “Дунёи дигар” ва “Манзараи умр” мебошад. Китоби тозааш “Ҳазору як дард” номгузори шудааст.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *