Дар бораи китоб:
Хонандаи азиз маҷмӯаи панҷуми ашъори Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзодаро дар даст дорад, ки мувофиқи табъи баланду завқи навоваронааш сурат гирифтааст. Номи китоб – «Ҳазор байт» мундариҷаи зоҳирии онро бозгӯ мекунад, яъне, шоир ин дафъа дар байтгӯӣ ё фардсароӣ қувваи табъ озмуда, анъанаи дерини адабиётамонро идома бахшидааст.