Дар бораи китоб:
Инак «Намуна»-е, ки дар дасти хонандаи соҳибзавқи тоҷик мерасад, ғазалиёти ноёби Мавлоно Ҷомӣ ва 115 нафар суханварони муосири ҳиротиро дар бар мегирад, ки инҷониб тайи сӣ сол пеш онро тартиб дода будам. Умеди мо аз ҷамъовариву мураттаб гардонидани ин «Маҷмӯа» он буд, ки мавҷудияти ҳавзаи адабии Ҳирот ва хидмати бешоиба доштану маҳфуз нигаҳдорӣ кардани шеъри ниёконро дар симои суханварони кунунии Ҳироти муосир то андозае нишон дода бошем.
Албатта «Маҷмӯаи мазкур» сухани охир нест, балки шояд иддае аз қаламкашони Ҳиротӣ дохили он нагардида бошанд, вале ин кӯшиши муқаддамотӣ, ки дар Тоҷикистон ба чоп мерасад, хонандаи завқманди тоҷикро ба шеъри ҳамзабонони хеш муаррифӣ месозад ва албатта, аз ин нигоҳ, аз манфиат холӣ нахоҳад буд.