Дар бораи китоб:
Абдушукури Абдусаттор донишманди шинохта ва мунаққиди борикбину мушикоф аст. «Асрори шеъри марғуб» аз беҳтарин маҷмӯаи ӯст. Дар ин китоб мақолаҳо, фикру андешаҳои муаллиф оид ба таърихи рубоӣ, рубоисароӣ, асрори шеъри гузаштаву муосир бо далелҳои дақиқу илмӣ баррасӣ шудаанд. Барои донишҷӯёни донишкадаҳои олӣ ва дӯстдорони нақди адабии тоҷик басо муфид хоҳад буд.