Ашъори мунтахаб

Муаллиф: Абулфайзи Файзӣ
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 368
Соли нашр: 2015
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 1,64 Mб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 20 нафар

 


Дар бораи китоб:

Абулфайзи Файзӣ яке аз симоҳои забардасти адабиёти форсизабони Ҳиндустон дар асри ХVI буда, бо осори гаронмояи адабӣ, ашъори саршор аз ҷаззобияту салосат, маонии тоза ва бикр, инчунин андешаҳои ғаноманди инсонпарварона дар қаламрави фарҳангу тамаддуни Шарқ мақоми шоистае касб намудааст. Инак, мунтахаби ашъори ӯро манзури хонандагон мегардонем.


Дар бораи муаллиф:

Номи Шайх Абулфайз ибни Муборак мутахаллис ба Файзии Файёзӣ (1547-1595) дар радифи машҳуртарин соҳибназарон ва мутафаккирони забардасти асри ХVI қарор дорад, ки бо осори гаронбаҳои худ дар ривоҷу равнақи илму адабиёти форсизабони Ҳинд, фарҳангу ҳунар, таблиғи дӯстӣ ва ҳамфикрии қавму нажодҳои Ҳиндустон саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ сиёсатмадор, нависанда ва шоири маъруфи форсигӯи дарбори Ҷалолуддин Муҳаммади Акбарподшоҳ (1556-1605) буд, ки пас аз вафоти Ғазолии Машҳадӣ (980/1572) ба унвони «Маликушшуаро»-и дарбори Акбар сарфароз гаштааст (993/1585).


 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *