Дар бораи китоб:
Маҷмӯаи ашъори шоираи ҷавони соҳибистеъдод Аниса Манонова маҳсули завқи баланд ва илҳоми саршор аз эҳсоси баланди инсонӣ мебошад. Шоира бо сабку салиқаи хоси худ дар мавзӯҳои мухталиф шеър мегӯяд, ки дили хонандаро ба осонӣ тасхир месозад.
Китоб ҳадяи шоиста ба аҳли завқу адаб мебошад.
Беҳтарин, ташаккур барои дастрас намудани чунин китоби хубу хонданӣ. Қалами хоҳар сабз андар сабз бод!
Саломат бошед, бародар!
Аз ҳузуратон мамнуну масрурем!
Эҷодиёти бону Аниса аз умқи ҷон маншаъ мегирад ва ӯ тазодҳои зиндагӣ, дарду ғамҳои ҷомеаи башарарро ба риштаи тасвиру таҳрир кашида аст. Бону нағмаҳои кӯдакона, таранумҳои орифона, замзамазои ошиқонаро дар қолабҳои гуногуни шеърӣ тақдими ҳаводотони каломи бадеъ сохта ва бо шеър ҳамон фарёди бесадо паёмашро ба гӯши ҷонҳо мерасонад.
Барои шоира қалами сабз, саодатмандӣ ва саломатии пойдор таманно дорам!
Беҳтарин сурудаҳои асри 21, ҳамааш аз аламу ҳасратҳои зиндагӣ, дарду ранҷҳои рӯзгор ва ғуссаҳои бешумори бемодариву бепадарӣ сарчашма мегирад. Кабӯтари илҳоми шоира ҳамеша дар авҷи парвоз бошад, бигзор аз хушиҳову комёбиҳо замзама кунад!
Каму ғамро набини Анисаҷон, ҳамеша мунтазири эҷодиётҳои нават ҳастем. Илоҳӣ хушиҳои зиёде дари дилатро бикӯбанд ва саодатманду хушбахту комраво бошӣ!
Ташаккур ба масъулони сомона барои нашри китоби Аниси дилҳо.
Ва билохира ин китоб ба дасти ман нарасид… (((
Нусхаи электиронияшро феълан варақ занед, агар имкон шуду нусхаи чопияшро дастрас намудем баъд ҳой мегӯематон)