Дар бораи китоб:
Хонандаи арҷманд, китобе, ки дар даст доред, маҷмӯае аз эҷоди муаллифанд, ки дар жанрҳои мухталиф офарида шудаанд. Қаҳрамонҳои асар ашхоси гуногунхислату гуногунмақом ва гуногунандешаву гуногунрӯзгоранд. Якеро достони ишқи ноком ба марг мекашонаду дигарӣ аз дасти падар ба қатл мерасад. Яке дар ҳангоми зилзила ошиқ мешаваду дигареро тақдири талх, ҳаёташро дар тифлӣ ҷаҳаннамӣ мекунад, якеро нобуди маърифати оиладорӣ дар танҳойӣ ба марг рӯ ба рӯ месозаду дигаре дар хонаи ободаш танҳост.
Қиссаҳои ҳаётии инсонҳо ҳамеша сабақи зиндагиянду хонанда дар мисоли онҳо хешро аз хатову иштибоҳот бояд канор бигирад. Муаллиф низ бар он кӯшида, ки дар ҳар навиштааш инсонро барои дур гаштан аз таҳаввулоти манфӣ, огаҳ намояд ва хонандаашро ба накӯйӣ ва некномӣ ҳидоят созад.
Ду очерки судии ин китоб дар асоси далелҳои мушаххасе, аз парвандаҳои ҷиноятӣ ва ширкати бевоситаи муаллиф дар рафти муҳокимаҳои судӣ дар жанри публитсистӣ навишта шудаанд.
Дар ин китоб ҳамчунин бахше ба таронаҳо ҷудо карда шудааст, ки дар онҳо тараннуми ишқ, сӯзи дили ёр, сурури ишқ ва зарбаҳои хиёнат бо ҳам дар таззоданд.
Китоб барои оммаи васеи хонандагон тавсия мегардад.