Дар бораи китоб:
Ин романи таърихӣ, ки аз саргузашти аҷибу рӯзгори наҷиби ҳакими бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино (980-1037) ривоят мекунад, ба қалами адиби маъруфи рус Валерий Михайлович Воскобойников тааллуқ дорад.
Нависанда маълумоти сарчашмаҳои таърихиву адабӣ ва таълифоти худи нобиғаро дақиқназарона омӯхта, муҳити сиёсиву иҷтимоии даврро заминаи тасвири бадеъӣ қарор дода, симои нуронии инсониву ирфонии Шайхурраис Ибни Синоро хеле моҳиронаву шоъирона ба қалам овардааст.