Айнишиносӣ ва замони ҳозира

Муаллиф: Маҳмадаминов Абдулҳай
Ношир: «Эҷод»
Саҳифа: 160
Соли нашр: 2005
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 1,39 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 33 нафар

 


Дар бораи китоб:

Айнишиносӣ қисми таркибии таърих, забон, адабу фарҳанги бостониву оламшумули тоҷику форс мебошад. Афкори адабию эстетикии С.Айнӣ, ки дар заминаи омӯзиши эҷодкоронаи сарватҳои маънавии гузашта арзи ҳастӣ карда, бо дастовардҳои илму фарҳанги замонаш рушду такомул ёфта, ба ҳукми як консепсиюн ва системаи муайян даромадаанд, аз ҳар ҷиҳат арзишманд буда, нерӯҳои ақлонию зеҳниро такон медиҳанд ва ба пешрафти минбаъдаи адабу фарҳанги тоҷик комилан мусоидат менамоянд. Аз ин лиҳоз, айнишиносӣ таърихан чун фарогири арзишҳои фарҳангии гузашта дар аслу ҷавҳари худ мазмунан ва моҳиятан ҳам посухгӯи ниёзмандиҳои маънавияти ҷомеаи имрӯза ва ҳам ҳидоятгар баҳри шукуфоии ояндаи он мебошад. Устод Айнӣ бо осори гаронбаҳояш барҳақ ҳамдаму ҳамқадами имрӯзу ояндаи мост. Дар ин китоб як қатор масъала ва муаммоҳои муҳимми фаъолияти адабиётшиносии С.Айнӣ ва махсусан арзиши илмии асари бунёдиву сарнавиштсози ӯ «Намунаи адабиёти тоҷик» мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Ин китоб шомили маводи нодиру тозаест оид ба устод Айнӣ, ки чун армуғон ба аҳли адабу фарҳанг ва хонандагони арҷманд пешкаш мегардад.


Дар бораи муаллиф:

Абдулҳай Маҳмадаминов (тав. 1 апрели 1951, деҳаи Муллоконии ноҳияи Сари Хосор, вилояти Кӯлоб) — мунаққид ва адабиётшиноси тоҷик, доктори илми филология, профессор (1998).

Зиндагинома

УДТ ба номи В. И. Ленинро бо дипломи аъло хатм кардааст (1973). Фаъолияти меҳнатиашро дар ҳамин донишгоҳ оғоз карда ва то кунун дар кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ дар вазифаи профессор адои хизмат дорад. Солҳои 1984—1992 ҷонишини декани шуъбаи тайёрӣ ва солҳои 1996—1999 ҷонишини декан оид ба шубъаи ғоибонаи факултаи филология буд.

Фаъолияти илмӣ

Аз соли 2009 то кунун раисии Шӯрои илмию методии факултаи филологияро бар уҳда дорад. Ҳамзамон роҳбари маҳфили илмии «Нақди адабӣ» мебошад. Абдулҳай Маҳмадаминов муаллифи беш аз 30 китоб ва зиёда аз 400 мақола аст. Таълифоти ӯ оид ба масъала ва муаммоҳои муҳимми таърих ва назарияи адабиёт, нақди адабӣ, матншиносӣ, китобшиносӣ, сарчашмашиносӣ, тарҷума, равобити адабӣ, фолклоршиносӣ, луғатшиносӣ ва исломшиносӣ бахшида шудаанд. Дар маркази фаъолияти илмии Абдулҳай Маҳмадаминов махсусан тадқиқи рӯзгор ва осори устод Айнӣ, А.Лоҳутӣ, А.Фитрат, Алӣ Хуш, Сомеи Одиназодаи Хатлонӣ ва Ҳ. Бақозода мавқеи асосӣ дорад. Абдулҳай Маҳмадаминов танҳо дар хусуси асари бунёдии С.Айнӣ тазкираи «Намунаи адабиёти тоҷик» беш аз 100 мақола ва чор монография «Ҷустуҷӯи ҳақиқат» (1994, ба забони русӣ), «Адабиётшиносӣ ва худогоҳии миллӣ» (1998), «Айнишиносӣ ва замони ҳозира» (2005), «Садриддинхоҷаи Айнӣ ва сарнавишти тоҷикон» (2008) ба табъ расонидааст.

Абдулҳай Маҳмадаминов матни илмию интиқодии «Тартилу — л — Қуръон», «Таҳзибу — с — сибён», «Зарурийёти динийя», «Намунаи адабиёти тоҷик» — и С.Айнӣ, «Мухтасари таърихи Ислом», «Мавлуди шариф ё худ миръоти Хайрулбашар», «Мусулмонони Дорурроҳат», «Оила ё худ вазоифи хонадорӣ», «Баёноти Сайёҳи Ҳиндӣ», «Қоидаҳои забони тоҷик (Сарф ва наҳв)», «Раҳбари наҷот», «Намунаи ганҷи шойгон», «Бародари меҳрубон» — и А.Фитрат, «Дафтари сабз» — и Сомеи Одиназодаи Хатлонӣ, «Маданият ва вазоиф», «Шариати исломия ва тараққиёти мадания» — и Сайид Аҳмади Васлии Самарқандӣ, «Василату — н — наҷот» — и Муҳаммадҳусайни Ҳоҷиро омода ва ба зевари табъ оростааст. Таълифоти илмии М. дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Чехославакия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Англия, Америка, Франсия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Туркманистон ва Ҳиндустон ба табъ расиданд. Аз натиҷаҳои тадқиқот М. дар симпозиуму семинар ва конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, умумииттиҳодӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад кардааст. Тарҷумаи китоби дарсии С.Айнӣ «Духтарбача ё ки Холида», осори шарқшиносони рус А. Д. Гребенкин «Тоҷикон», «Таҷрибаи тавсифи бекигарии Кӯлоб» ба қалами М. тааллуқ дорад. Фолклоршиносӣ ва луғатшиносӣ қисми таркибии фаъолияти тадқиқотии Абдулҳай Маҳмадаминов мебошад. Таснифи луғати шеваи гӯиши мардуми Хатлон таҳти унвони «Фарҳанги Асалмоҳ», осори фолклории «Қиссаи ҳазрати Шоҳ Аҳтам», «Маликаи зебоҳусн», «Шоҳзода Доробшоҳи зарринкамар» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Барнома ва дастурҳои таълимии «Программаи адабиёти тоҷик» (1984), «Мавзӯъҳои корҳои контролӣ аз адабиёти тоҷик барои шунавандагони ғоибхони факултетҳои иқтисодӣ ва таъриху ҳуқуқшиносии шуъбаи тайёрии УДТ ба номи В. И. Ленин» (1984), «Дастури методӣ оид ба кори амалии шуъбаи тайёрӣ» (1987), «Муқаддимаи адабиётшиносӣ» (Барномаи дарсҳои лексионӣ ва амалӣ) (1996—2012, чор бор ба табъ расидааст), «Адабиётшиносии муқоисавӣ» (2012), «Мактабҳои адабӣ» (2013), «Назарияи адабиёт» (Барномаи дарсҳои лексионӣ ва амалӣ) (2013) аз ҷумлаи корҳои методии Абдулҳай Маҳмадаминов мебошанд.

Ҷоизаҳо

Абдулҳай Маҳмадаминов ба нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1998) ва унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1999) сарфароз гардидааст.

Осор

  • Адиби мубориз. — Душанбе: Ирфон, 1998;
  • Поиски истины («Образцы таджикской литературы» в борьбе за права таджикского народа). — Душанбе: Сино, 1994;
  • Адабиётшиносӣ ва худогоҳии миллӣ (Тазкираи С.Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик»). — Душанбе: Сино, 1998;
  • Ислом — нурбахши адабиёт ва фарҳанг. — Душанбе: Сино, 2004;
  • Сомеи Одиназодаи Хатлонӣ. Дафтари сабз. — Душанбе: Сино, 2004;
  • Айнишиносӣ ва замони ҳозира. — Душанбе: Эҷод, 2005;
  • Сухан аз корномаи устод Лоҳутӣ. — Душанбе: Эҷод, 2007;
  • Садриддини Айнӣ — олим. — Душанбе: Истеъдод, 2010;
  • Сайид Садриддинхоҷаи Айнӣ. Духтарбача ё ки Холида. — Душанбе: Истеъдод, 2010;
  • Ҳоҷӣ Абдуррауфи Фитрати Бухороӣ. Раҳбари наҷот. — Душанбе: Шуҷоиён, 2011;
  • Родмарде аз Самарқанди бостон. — Душанбе: Истеъдод, 2012;
  • Пуштибони забони тоҷикӣ. — Душанбе: Истеъдод, 2013.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *