Дар бораи китоб:
Китоби ҳозир, ки пеши рӯйи хонандаи хушзавқ ва хушсалиқаи азиз қарор дорад, намунае аз он аст. Муаллифи ин китоби хонданӣ муҳаққиқ ва шоири азиз Муҳаммадалии Аҷамӣ аст. Ин бародари гиромӣ перомуни шеъру ҳунари шоирони классик, шоирони муосир ва масъалаҳои адабӣ, мақолоти фаровон иншо кардааст, ки аҳли мутолиа аз навиштаҳои ӯ, бовар дорам, огоҳ мебошанд. Муаллиф ин бор ба осор ва андешаи Мавлонои бузург рӯй оварда, ин китоби аз ҳар назар хонданиро дар робита ба осори Мавлоно иншо карда, мутобиқ ба фазои андеша васохтори пажӯҳиш кори худро «Дар қаламрави шеъри Мавлоно» ном мондааст.
Муҳаммадалии Аҷамӣ дар ин китоби худ хонандаро ба ҷилваҳои тоза ва ҳанӯз ношинохтаи шеъри Мавлоно ошно мекунад, самти аслии андешаи муҳаққиқ ирфон ва маърифат, ҳикматва аҳамияти маънавии каломи шоири бузург аст, ки воқеан барои ошиқони каломи бадеъ аз аҳамият холӣ нест. «Маснавии Маънавӣ» ва «Девони Шамс» бахонанда дарсихудогоҳӣ, бедорӣ, ҳушёрӣ ва чӣ гуна зистан медиҳад, башар ҳамеша ба чунин дарсҳо ниѐз дорад ва муҳаққиқи китоби «Дар қаламрави шеъри Мавлоно» ба осори орифи бузург аз ҳамин зовия нигоҳ мекунад. Муҳаммадалии Аҷамӣ дар хатти ҳамин ҳошия ва дар фарози ҳамин фазонахуст нигоҳе гузаро мекунад ба сохтору сабки суханварии Мавлоно ва дар ин бахш ҳарфҳои тозаву лозими худро дорад, ки хонанда дар зимни мутолиа ба он бештар ошно мегардад. Муҳаққиқ дар ин росто ҷаҳони маънавӣ, андеша, маърифат, мазмун ва ҳикмати каломи Мавлоноро низ таҳқиқу баррасӣ мекунад. Ҳамчунин муҳаққиқ дар боби дувуми ин китоб ҷойгоҳ, муносибат ба осори Мавлоноро дар замони шӯравӣ мухтасар тафсил мекунад ва баъд аз он шукӯҳу шаҳомати ҷашни Мавлоноро дар замони истиқлоли кишвар ҷаззоб ба қалам медиҳад.