Азобҳои ҷаҳаннам

Муаллиф: Окутогово
Мутарҷим: Қодири Рустам
Ношир: «Донишварон»
Саҳифа: 180
Соли нашр: 2020
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 1,05 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 64 нафар

Дар бораи китоб:

Маҷмуаи ҳикояҳои нависандаи бузурги Жопун, ки бори нахуст барои хонандаи тоҷик пешниҳод мешавад, аз намунаи достонҳои кӯтоҳи ӯ дар жанру сабкҳои мухталиф фароҳам шудааст.


Дар бораи муаллиф:

Окутогово Рйунускэ, ки аз бунёдгузорони адабиёти навини Жопун маҳсуб мешавад, ҳамагӣ сию шаш сол умр дид ва аз ин зиндагии кӯтоҳ низ фақат чаҳордаҳ сол ба офариниши осори бадеӣ – асосан достони кӯтоҳ ва эссе машғул буд. Аммо мероси адабии бозмонда аз ин нависандаи кӯтоҳумр хеле ғанӣ ва рангин аст. Танаввуи жанрӣ, сабкию услубӣ ва мавзуии ин мурдареги адабӣ низ шигифтӣ меангезад. Окутогово ҳам достонҳои реалистӣ таълиф карда, ҳам романтикӣ, ҳам ба фантастика пардохта, ҳам ба ҳаҷви иҷтимоию танз, ҳам воқеоти гузаштаи дури кишварашро ба тасвир овардааст, ҳам рӯйдодҳои замони худро; гоҳе аз нависандагони бузурги ғарбӣ ва рус пайравӣ карда ва гоҳе даст ба ибтикору навоварӣ задааст. Дар як диди сатҳӣ шояд чунин ба назар намояд, ки нависанда, ки дар бисту чаҳорсолагӣ ба таълифи осори бадеӣ шуруъ кард ва беш аз нимаи солҳои халлоқияташ мантиқан боястӣ ба давраи касби таҷриба баробар меомад, танаввуи мавзуию усулию сабкии офаридаҳояш низ ҳосили ҷустуҷӯйҳои адабӣ ва ба хотири пайдо кардани жанр, сабк ва мавзуи вежаи худ будааст; аммо чун ба таълифоти ӯ амиқтар ва бо назари таҳқиқ менигарем, мебинем, ки на, албатта, чунин набудааст, балки аввалан, ин танаввуи жанрӣ, сабкию услубӣ ва мавзуӣ то охири умри Окутогово идома ёфтааст ва сониян, агар ба таърихи таълифи достону эссеҳои нависанда таваҷҷуҳ бикунем, хоҳем дид, ки ӯ пайваста ва навбат ба навбат гоҳ ба реализм, гоҳ ба романтизм, гоҳе ба фантастика ва гоҳе ба устураю тамсил, гоҳ ба замони дур ва гоҳ ба даврони муосир рӯй овардааст. Албатта, барои тавҷеҳи танаввуи жанрию сабкии офаридаҳои Окутогово ин нукта ҳам шояд муассир будааст, ки Жопун дар солҳои бачагӣ ва навҷа-4 вонии Окутогово барои рушди сармоядорӣ ва дар маҷмуъ дар ҳамаи риштаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ беш аз пеш ба Ғарб рӯй оварда ва аз он пайравӣ мекард. Ва адабиёт, ба хусус насри бадеӣ низ дар ин пайравӣ ва омӯзиш истисно набуд. Чунонки муҳаққиқи рус А. Стругатский навиштааст: «ҳамаи он чи, ки суннати адабии ғарбӣ дар давоми садсолаи рушди муназзам касб карда буд: ҳам романтизм, ҳам сентиментализм, ҳам реализм, ҳам натурализм, ҳам нахустин шигирдҳои декадентӣ ва модернистӣ ба маънои аслии ин таркиб, дар як соат ба Жопун фурӯ рехтанд. Ҳамаи ин бояст ҳарчи зудтар ҳазм шуда, интихоб ё мутобиқ мегардид». Аммо дар мавриди Окутогово, ки намунаҳои беҳтарини достонҳои кӯтоҳро бо сабку услубҳои мухталиф таълиф кардааст, ин амрро низ сабаби аслии танаввуи осораш наметавон номид, балки дурусттар аст, бигӯем, ки нависандаи жопунӣ бо савқи табиӣ тавонистааст барои ҳар мавзуъ ва ҳар андеша сабку услуб ва жанри муносибтарин ва мутобиқтаринро пайдо бикунад ва аслан як сабаби умдаи комёбиаш дар нависандагӣ низ ҳамин аст. Ва афзун бар ин, ба Окутогово муяссар шудааст, ба ҳар «шахсияти достониаш» мутобиқ бо ҷинс, синну сол ва вежагиҳои ҳирфаӣ ва инсонии ӯ «либоси хос»-и ӯро бипӯшонад.
Окутогово аз ҷумлаи маъдуд нависандагони жопунӣ будааст, ки дар замони буҳрони адабиёти ин кишвар, ки натиҷаи нодуруст фаҳмидани моҳияти адабиёти Ғарб буда ва ба натурализми маҳз ва шеваи аккосии зиндагӣ мунҷар шуд, тавонистанд роҳи адабии вежаи худро пайдо бикунанд. Вай ботини инсон, хурдтарин тағйир ва таҳаввулоти равони ӯро мавриди таҳқиқи бадеӣ қарор медиҳад. Аммо таҳқиқи руҳу равони инсон бидуни ҳаракати ҷисми ӯ равоншиносӣ аст, илм аст, достон нест, адабиёти бадеӣ нест, ин аст ки нависанда ба ҳаракати физикии фард ё афрод ниёз дорад, ба воқеа эҳтиёҷ дорад, ки дар асари бадеӣ ба сужа ва фабула бадал мешавад.
Ин аст, ки барои ӯ худи воқеа муҳим нест, сужа фақат василаи таҳқиқи ҷаҳони ботинии инсон аст. Ва ба ин сабаб ӯ гоҳе воқеаро аз таърихномаҳо ва вақоеъномаҳои гузашта мегирад ва ё аз осори нависандагони ғарбӣ бо тағйире ва ё бо такмиле ахз менамояд ва ба тавассути он сухани худро мегӯяд, диди зебошинохтии худро ба намоиш мегузорад, ҳадафи худро ироа медиҳад. Асоси сужаи аввалин достони кӯтоҳи ӯ – «Дарвозаи Расёмон», ки оғози шуҳрати нависандагии ӯ гардид ва ба тавассути филми ҳамноми нобиғаи дигари жопунӣ – Окиро Куросово барои ҳама ҷаҳони мутамаддин ошност, аз вақоеъномаи асримиёнагии жопунӣ ахз шудааст, достони тамсилии «Тори анкабут» ривояти машҳури буддоӣ аст, ки Лев Толстой низ истифода карда, достони «Шавлаи бататӣ» мулҳам аз «Шинел»-и Николай Гогол ва ба навъе таҳаққуқ пазируфтани орзуи «одами кӯчак»-и ӯ Акакий Акакевич ва достони кӯтоҳи дигараш – «Дастрӯймол» андешаи ба таври аёнӣ нишондодаи Август Стриндберг – нависандаи машҳури суидӣ мебошад.
Аммо бо андӯхтани таҷрибаи зиёдтар Окутогово бештару амиқтар ба зиндагии воқеии мардуми кишвараш рӯй меоварад ва аз иқтибоси сужа ва «татаббуъ»-и андеша ва мазомини дигарон ҳарчи бештар даст мекашад, вай дигар ҳаёти рӯзмарраи ҳамзамонон ва ҷаҳони ботинии хешро таҳқиқ мекунад ва достонҳояш низ аз назари ҳунари нависандагӣ, усул ва василаю воситаҳои тасвири бадеӣ печидатару рангинтар ва аз лиҳози ҷустуҷӯҳои равонковона амиқтар мегарданд. Чунончи, дар ҳикоя ё худ достони кӯтоҳи «Дар бешаи анбӯҳ», ки сужаи содае дорад, воқиа аз забони ҳафт нафар – се нафар ширкаткунандагони ҳодиса ва чаҳор нафар шоҳид ҳикоят мешавад. Самурайи 26-сола бо духтари 19-сола издивоҷ мекунад ва ҳарду савори асп аз зодгоҳи арӯс ба шаҳри домод равон мешаванд. Роҳашон аз доманаи кӯҳ, аз миёнаи беша мегузарад. Дар ин ҷо бо марде дучор меоянд, ки роҳзани машҳур аст. Роҳзан бо дидани арӯс аз ӯ хушаш меояд ва мардро мефиребад, ки андаруни беша ганҷеро пинҳон кардааст ва агар барои дар овардани он ба ӯ ёрӣ диҳад, бахше аз ин ганҷро ба ӯ хоҳад дод. Дар беша роҳзан самурайро ба дарахт мебандад, занро таҷовуз мекунад ва самурайро мекушад.
Вале воқиа аз забони ширкаткунандагони он (нависанда руҳи самурайи мақтулро низ ба сухан меоварад) ба гунае ҳикоят мешавад, ки хонанда ба натиҷа мерасад, дар ин фоҷиа на фақат роҳзан, балки худи самурай ва занаш низ гунаҳкоранд, вале мизони гуноҳи ҳар яке ба равшанӣ то охир маълум нест. Чунин наҳваи ҳикоят, ки бештар хоси насри модернистӣ аст, барои солҳои бистуми қарни бистум навоварӣ маҳсуб мешуд ва аз камоли нависандагии Окутогово шаҳодат медиҳад.
Дар марҳалаи аввали офарандагӣ Окутогово на бидуни таъсири назарияи роиҷи ҳунари ғарбӣ ба шиори «ҳунар барои ҳунар» тамоюл пайдо мекунад ва дар ҳамин марҳала аст, ки гуфтааст: «зиндагии инсон арзиши як мисраи Бодлерро ҳам надорад». Аммо худи зиндагӣ ва таҷрибаи инфиродии ӯ дар халқи эҷоди бадеӣ боис шуданд, ки нависандаи жопунӣ ба зудӣ пучу бесамар будани ин назарияро дарёбад ва аз он рӯй битобад. Ва акнун ӯ як сол қабл аз марги фоҷиавиаш дар соли 1926 чунин навиштааст: «асли «ҳунар болотар аз ҳама чиз аст» – ҳадди ақалл дар эҷоди бадеӣ, – ин асл фақат боиси хамёза мешаваду бас». Лекин пайравӣ аз ҳамин асли «ҳунар болотар аз ҳама чиз» буд, ки нависандаро таҳрик ва водор кард яке аз беҳтарин достонҳояш – «Азобҳои ҷаҳаннам»-ро таълиф бикунад. Ин шоҳкори Окутоговоро ба ду гунаи комилан мухталиф метавон тафсир кард ва яке аз сабабҳои барҷастагӣ ва мондагории он низ ҳамин тафсирҳои мухталиф аст; ин достон ҳам таъйиди руҷҳони осори ҳунар бар зиндагии инсон аст ва ҳам танҳоӣ ва фоҷиаю мусибати инсони ҳунарманд. Нависанда аз сӯйе қурбониҳои ҳунармандро барои фатҳи Ҷамолунгмаи ҳунар нишон медиҳад ва ҳамзамон фоҷиаи шахси ӯро барои таҳаққуқ пазируфтани ин амр. Ҳунарманд барои даст ёфтан ба аҳдофи ниҳоии ҳунараш бояст аз ҳама чиз бигзарад, ҳама арзишҳои дигарро дар ин роҳ қурбонӣ бидиҳад. Наққоши пир – Ёсихидэ барои эҷоди тоблуи «Азобҳои ҷаҳаннам» на танҳо ҳаёти шогирдонашро ба хатар мегузорад, балки ягона шахси азизи худ – духтараш, танҳо касеро, ки василаи иртибот ва дилгармии ӯ ба зиндагӣ мебошад, низ воситае барои даст ёфтан ба ҳадафи ниҳоии худ – офариниши шоҳкор мекунад ва дар ин роҳ духтарро ба куштан медиҳад. Аммо фоҷиа танҳо бо сӯхтани духтар дар оташ ба итмом намерасад, балки фаротар аз он худи наққоши пир низ моҳияти инсон буданашро қурбон мекунад. «Азоби ҷаҳаннам» исме рамзӣ ва амиқ аст, аз сӯйе муҳтавои тоблуи ҳамномашро, ки шоҳкори наққош Ёсихидэ аст, ифода мекунад ва аз сӯйи дигар фоҷиа ва мусибати инсонии худи наққоши пир, ҷаҳаннамеро ки андаруни ӯ қарор дорад. Аммо ин достони тӯлонӣ, ки қисса (повест) ҳам метавон номидаш, фақат баёнгари арзиш ва ҷойгоҳи ҳунар, фоҷиа ва қурбониҳои наққоши пир барои даст ёфтан ба хостаҳои қалбиаш нест.
Окутогово бо маҳорати нависандагӣ ва умқи тафаккур ду худхоҳӣ, ду қудратхоҳиро ба таври мутавозӣ нишон медиҳад. Яке худписандии наққоше, ки барои расидан ба ситеғи ҳунар мутобиқ бо асли машҳури Макиавеллӣ «ҳама василаро ҷоиз медонад» ва дигаре худхоҳии шоҳ, ки қудраташ заминае аст барои таҳаққуқ бахшидан ба хостаҳои бешарафонаи қалбаш ва дар ин мавриди хос муҷозоти касе, ки ҷуръат кардааст, хостаи ӯро рад бикунад… Аз ин ҷост, ки ин достон, бештар аз он ки намудори асли «ҳунар болотар аз ҳама чиз аст» бошад, бар рағми он, такзиб ва инкори он аст. Ҳунар танҳо дар заминаи зиндагии инсон метавонад ҳастӣ ёбад ва барои инсон метавонад қадр дошта бошад… Асли ҳунар башардӯстист ва меъёри асолати ҳунар хидмати он барои инсон аст, агар ҳунар ба дарди мардум намехӯрад, чизе беҳуда ва пучу бемаъност.Мусаллам аст, ки адабиёти бадеӣ (ки шохае аз ҳунар аст) ба ҳайси гунае аз шинохти Олам бештар ба таҳқиқ ва мутолиаи бадеии ҷаҳони Одамӣ ва иртиботи ӯ бо ҷомиа ва табиат сару кор дорад. Ва дар ин таҳқиқу мутолиа бештар аз ду омил ва ё илми зебоишинохтӣ ва равонковӣ ҳамчун абзор ва василаи пажуҳиш истифода мекунад. Ва ин ки Максим Горкий фармудааст, «нависанда муҳандиси руҳи одамизод аст», аз ҳамин вазифаи умдаи адабиёт маншаъ мегирад. Воқеан, бидуни омӯзиши Инсон ва ҷаҳонии ботинии ӯ дар иртибот бо табиату ҷомиа, ҳеч нависандае наметавонад осори содиқона ва муассир халқ бикунад, ҳатто нависандае ҳам, ки ба таълифи достону романҳои фантастикӣ ихтисос дорад. Ҳамин омӯзиши амиқи ҳаёт аст, ки нависандагони асилро дар баробари таҳаввулот ва тағйироти билқувва дар ҷомиа ҳассос мекунад, эшон даст бар набзи замонаи худ доранд ва хурдтарин тағйироти зарабони онро пай мебаранд ва гузашта аз ин, неруи пешбинии таҳаввулоти иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеаҳои худро пайдо мекунанд ва ҳамватанони худро гоҳе аз пешомадҳои хуш башорат ва гоҳи дигар аз пайомадҳои фоҷиабор ҳушдор медиҳанд. Достони афсонаии «Момотаро», ки Окутогово соли 1924 таълиф кард, ҳамин гуна ҳушдори нависанда ба ҳамватанони хеш буд. Нависандаи ҳассос ва борикбин хеле дақиқ тамоюлҳои тавсиаталабонаи давлати импереалистии Жопунро эҳсос карда буд ва оқибати фоҷиабори онро ҳам ба ҳаммеҳанонаш ба таври бадеӣ нишон дод. Пас аз ҳафт соли чопи ин достон Жопун ба Чин ҳамла бурд ва онро ишғол кард, пас аз нуҳ соли дигар муттаҳиди Олмону Италия дар Ҷанги ҷаҳонии дувум шуд ва дар соли 1945 бо фоҷиаи Нагасаки ва Ҳиросимо гирифтор шуду шикаст хӯрд…. Ва аммо зиндагии шахсии худи Окутогово низ на камтар аз кишвараш бо интизори мавҳуми фоҷиа иртибот дошт… Ӯ аз навҷавонӣ бо эҳсоси ташвишовару бимангези девона шудан ба сар мебурд ва дар солҳои охири умраш ин эҳсос ташдид пайдо кард… Чанд бор талоши худкушӣ низ кард ва боре навишт: «хостам худро бикушам, аммо пашша халал расонд», бори дигар орзуяшро рӯйи коғаз мерезад, ки «кош яке пайдо мешуд ва маро дар хоб мекушт». Ва ин эҳсос, албатта, бедалелу бесабаб набуд. Модараш дар нуҳмоҳагии нависандаи оянда аз ақл бегона шуда буд ва кӯдакашро барои тарбия ба хонаводаи доияш (тағо, бародари модараш), ки фарзанд надошт, доданд. Ва доияш, ки исми хонаводагии худ – Окутоговоро ба нависандаи оянда дод, ӯро ба таври аҳсан тарбият ва таълим дод. Ва ӯ низ бар ивази тарбия исми хонаводагии тағояшро шуҳраи офоқ кард. Ва аммо номи худи нависанда – Рйунускэ ба маънии аждаҳост, зеро ба иттифоқи аҷибе ӯ соли 1882 мутобиқ бо солшумории қадими жопунӣ дар соати Аждаҳо, рӯзиАждаҳо ва моҳи Аждаҳо ба дунё омада буд…
Як соли охир таваҳҳум, руъёҳо, садоҳо бештар аз пештар азияташ медоданд, ӯ роҳи наҷотро дар офариниши осори бадеӣ медид, пайваста менавишт, то дардҳояшро ба рӯйи коғаз бирезад. Сатираи фантастикии «Дар кишвари обиҳо», «Чархҳои дандонадор», ки баёни таассурот ва эҳсосоти айнии чанд рӯзи пай дар пайи зиндагии худи нависанда аст ва низ «Зиндагии девона», ки аз беҳтарин навиштаҳои Окутогово ба шумор меоянд, маҳсули ҳамин зиндагии бесомони як соли охири умри нависанда мебошанд. Вале ин шеваи равонковӣ ҳам натавонист наҷоташ бидиҳад. Ниҳоятан, нависанда дигар муқовимат кардан натавонист: субҳи 24 июли 1927 веронал –доруи хобро ба мизони марговар фурӯ бурд ва ҷаҳони пуразобу азиятро тарк кард…. Ва зиндагии ҷовидони дигарро оғоз кард; осори Окутогово, ки ба ҳамаи забонҳои маъруфи дунё тарҷума шудааст, имрӯз низ қалбу мағзҳоро тасхир мекунад… Дар ватанаш аз рӯйи достонҳои ӯ ҳудуди 20 филми бадеӣ бардоштаанд.
Яке аз ҷоизаҳои маъруфи адабии Жопун ба номи Окутогово аст, ки ҳамасола ба нависандагони ҷавони боистеъдод эъто мешавад…. Дар миёни онҳое, ки ин ҷоизаро соҳиб шудаанд, номҳои Кобо Абэ ва Кендзабуро Оэ низ ҳаст.

Қодири Рустам


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *