Дар бораи китоб:
Нависандаи маҳбуби тоҷик Баҳром Фирӯз кӯдаконро беҳад дӯст медошт. Худ чун кӯдак дили софу бекина дошт. Беҳтарин ҳикоя, қисса ва повести худро барои шумо (кӯдакон) иншо кардааст. Нависанда ҷавон аз дунё рафта бошад ҳам, сухани ҷаззобу сеҳри қалам, маърифату дониши ӯ бо шумост.
Мисли Баҳром Фирӯз ҳаётро, инсонро дӯст доред, эҳтиёт кунед.
Ҳамсари адиб
Саиданнисо