Дар бораи китоб:
Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гӯшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кӯшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд. Қаҳрамони халқи тоҷик, устод Садриддин Айнӣ аз шумори он забармардон аст. Бо эҳтимоми муҳаққиқонаи Камол Айнӣ ин «гуфтор»-ҳо баҳри он тадвин гардидаанд, ки насли ҷавони тоҷик аз қаҳрамонону абармардони фарҳангу тамаддуни миллаташ бишнавад: «Дидан дигар омӯз, шунидан дигар омӯз!»