Чамани Ишқ

Муаллиф: Мулло Қурбони Шайдо
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 160
Соли нашр: 2016
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 2,12 Mб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 35 нафар

 


Дар бораи китоб:

Китоби ҳозир маҷмӯаи чаҳоруми Мулло Қурбони Шайдо мебошад. Муаллиф аслан геолог аст, вале аз оғоз ишқу алоқаи доимӣ ба шеъру адаб дорад ва бардоштҳои худро аз ҳаёт дар қолаби назм мерезад. Умед аст, ки мақбули хотири хонанда гардад.


Дар бораи муаллиф:
Мулло Қурбони Шайдо 7-уми ноябри соли 1954 дар деҳаи Ғезани Поёни шаҳри Панҷакент дар оилаи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, геологи номвари кишвар, ки мактаби деҳа имрӯз номи ӯро дорад, Бобо Қурбонов ба дунё омадааст. Модари ӯ Қадриябибӣ Ҳикматова, ки дар тӯли умри худ 15 фарзандро ба воя расонидааст, низ зани босаводу меҳрубон буд.
Фарзандони ин хонадон аз хурдӣ ба қадри меҳнат мерасиданд ва аз ин сабаб ҳамаи онҳо соҳибмаълумотанду дар соҳаҳои гуногун кору амал мекунанд.
Шайдо агарчи аз пайроҳаи падар берун нашуд ва касби геологиро пеша намуд, ба адабиёт низ бетаваҷҷуҳ нест. Аз ин рӯ меомӯзаду гоҳ-гоҳ сатре, ё байте эҷод мекунад.
Бо ташвиқи бародари рӯзноманигораш, ки бо мақолаи «Девонахона»-аш шӯҳратманд гардида ва ба қарибӣ ба ҷавори Ҳақ пайваст, шодравон Зафари Қурбониён ва хоҳари эҷодкораш Гулрез гоҳ-гоҳ ашъори худро дар матбуоти даврӣ чоп менамояд.
Китобҳояш бо номҳои «Ҷоми Ҷонон» ва «Ашки ошиқ» дар шаҳри Панҷакент ба табъ расидаанд. Китоби нисбатан мукаммали ӯ «Чамани ишқ» тавассути нашриёти «Адиб» чанде пеш ба нашр расидааст. Китоби чорумаш низ омодаи чоп аст.

 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *