Пирӯзнома

Муаллиф: Абӯалӣ ибни Сино
Ношир: Маориф
Саҳифа: 104
Соли нашр: 1980
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 5,21 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 29 нафар

Дар бораи муаллиф:

      Абӯалӣ Ҳусайн машҳур ба Абӯалӣ ибни Сино (форрсӣ: ابوعلى سينا) (16 августи соли 980, деҳаи Афшана наздики Бухоро — 18 июни соли 1037, Ҳамадон) — яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони садаҳои миёна ва ҳамчунин ахтаршинос, кимиёдон, заминшинос, мантиқдон, деринашинос (палеонтолог), риёзидон, физикдон, шоир, равоншинос, файласуф, муаллим ва адиби бузурги форсу тоҷик аст.

      Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тояшон дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар илми пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ «Китобу-ш-Шифо» ва «Китобу-л-Қонун фит-Тибб» ҳастанд, ки аз бузургтарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда ва дар донишгоҳҳои Урупо то асри 19 истифода бурда шудаанд.

      Абуалӣ ибни Сино дар рушди илми тиб саҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, илми пизишкии олими юнонӣ Гален, метафизикаи Арасту (Сино яке аз тафсиргарони асосии Арасту буд), илми пизишкии Эрони бостон, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди бостон сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчунин падари пизишкии мудерн ва дорушиносии болинӣ шумурда мешавад.

      Вай боз асосгузори мантиқи синоӣ, мактаби фалсафии синоӣ аст. Ӯ ҳамчу падари мафҳуми фундаменталии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Вайро ҳамчунин «падари геология» низ мешиносанд, ки дар қонуни суперпозитсияи геологӣ саҳми арзанда гузоштааст.


Дар бораи китоб:

      

 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *