Мунтахаби осори Убайди Зоконӣ | Мунтахаби ашъори Носири Бухороӣ

Муаллифон: Убайд Зоконӣ | Носири Бухороӣ
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 480
Соли нашр: 2016
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 2 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 59 нафар

 


Дар бораи китоб:

 


Дар бораи муаллифон:
Убайди 3оконӣ

Аз Убайди 3оконӣ осори мансуру манзуми начандон зиёд, вале аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва мавзӯъ бой боқӣ мондааст.

Машҳуртарин асари мансури Убайди 3оконӣ «Ахлоқ-ул-ашроф» (1340) мебошад, ки аз 7 боб иоорат буда, масъалаҳои панду ахлоқро дар бар мегирад. Ҳар боб аа ду қисм иборат аст, ки муаллиф онҳоро «мазҳаби мансух» ва «мазҳаби мухтор» номидааст. Дар «мазҳаби мансух» Убайди 3оконӣ афкору андеша ва назариёти гузаштагон, дар «мазҳаби мухтор» афкору ақоиди муосирони худро дар бораи масъалаи асосии боб баён кардааст. Барои тасдиқу тақвияти фикр байту мисраъҳо, ҳикоятҳои воқеӣ ва иқтибос аз ҳадисҳо овардааст. «Ахлоқул-ашроф» аз ҷиҳати тарзи баён ва услуб ҷолиби диққат аст. Нависанда фикру ақоиди танқидии худро аз яоми гузаштагон баён карда, худро аз таъқибу таҳдиди рӯҳониён эмин медорад.
Дар рисолаи «Сад панд» (1349— 50) масал, мақол ва ҷумлаҳои андарзи фароҳам омадаанд. Ба қавли муаллиф пандҳоро ӯ аз «сухани уламо ва ҳукамо»-и гузашта (Афлотун, Анушервон ва дигар) интихоб кардааст, «то нафъи у [асар] умуми халоиқро шомил гардад». «Даҳ фасл» ном асари Убайди 3оконӣ ба шакли фарҳанг (луғат)-и тафсирӣ сохта шудааст. Муаллиф истилоҳоти ба 10 мавзӯъ дахлдорро интихоб карда, онҳоро ба маънии маҷозӣ ва киноявиашон шарҳ додааст. Убайди 3оконӣ дар ин асар ба ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ, ҳаёти ҳунармандону донишмандон дахл карда, ҳокимону ашрофон ва рӯҳониёнро сахт танқид намудааст.

«Рисолаи дилкушо» ҳикоёт ва латоифи зарифро дар бар мегирад. Чоряки ҳикоёти рисолаи мазкур ба забони арабист. Мавзӯи ҳикояҳои «Рисолан дилкушо» аз танқиди вазъияти замон — харобию қашшоқии мазлумон, бехонумонӣ ва гуруснагӣ, танқиди подшоҳон, рӯҳониён, бидъат ва хурофоти динӣ, такаббур, ғурури аъёну ашроф, танқиди зулму золимӣ, сахтии аҳволи аҳли илму адаб, мазаммати шоирони маддоҳ, танқиди воизони беҳудагӯӣ, тамаъкорӣ ва фиребгарии қозиён, макру фиреби синфи ҳоким, танқиди бухлу ҳасад, соддагии қазвиннён, ҳозирҷавобин Одамони оддиву камбағал ва ғайра иборат аст. «Ришнома» асари ҳаҷвиест, ки ба насри мусаҷҷаъ ва омехта бо порчаҳои манзум таълиф шуда, дар шакли мунозираи риш (Ришуддин Абулмаҳосин) ва Убайди Зоконӣ сохта шудааст. Риши худро таърифу тавсиф мекунад, ҳамсуҳбаташ бошад, хусусиятҳои бади ӯро баён карда, дар тасдиқи фикраш ҳикоятҳо меорад. Мақсади Убайди 3оконӣ дар «Ришнома» танқиди зоҳирпарастӣ, одобу кирдори ношоистаи як гурӯҳ ришдорон, аз ҷумла, рӯҳониён, ҳокимон ва дигар мебошад.

«Мактуботи қаландарон» асари мансурест, иборат аз ду нома (номан шайх Шнҳобудднни қаландар ва ҷавоби мавлоно Ҷалолуддин ибни Қисомуддини Ҳиравӣ). Дар ин асар Убайди 3оконӣ сабки норавшану номафҳуми номанигорӣ ва истилоҳоти номаҳои қаландаронро ҳаҷв кардааст. Дар «Куллиёт»-и Убайди 3оконӣ боз як зумра асарҳои мансури ӯ, аз қабили «Наводир-ул-амсол» (ба забони арабӣ), «Фолномаи буруҷ», «Фолномаи вуҳуш ва туюр», «Мақомот» (дар сабки мақомҳо) номбар шудаанд, ки то ҳол дастраси муҳаққиқон нагардидаанд.

Дар «Куллиёт»-и Убайди 3оконӣ ба ғайр аз асарҳои мансур якчанд асарҳои манзум қасндаҳо, ғазалҳо, рубоиёт, муқаттаот, таркиббанду тарҷеъбандҳо ва маснавиҳо (тақрибан 3500 байт) фароҳам омадаанд. Убайди 3оконӣ қасоид ва якчанд ғазалу рубоӣ, қитаот ва таркиббандҳояшро ба шоҳону султононе, ки дар дарборашон хидмат мекард, бахшидааст. Дар қасоиди Убайди 3оконӣ номҳои шахсон ва воқеоти таърихи, лаҳазоти зиндагии шоир аикр шудаанд. Аз ин ҷиҳат онҳо дар таърихи адабиёти форс-тоҷик аҳамияти калон доранд. Ғазалиёти Убайди 3оконӣ дар мавзӯоти анъанавии адёбиёти форс-тоҷики асри 14— ишқу ошиқӣ, танқиди шайхону рӯҳониён, зӯҳду зоҳидон, тарриби риндӣ таълиф шудаанд. Дар онҳо ҳам лаҳазоти зиндагии шоир инъикос ёфтааст. У аз камбағаливу нодорн ва ҳамеша гирифтори қарз буданаш шикоят кардааст. Ин гуна шикоятҳо дар рубоиёт ва қитъаҳои шоир низ ба назар мерасанд.

Достояи «Мушу Гурба». Мақсади асосии муаллиф дар ин достони тамсилӣ (ҷанги гурба ва мушон) «муддао»-ест, ки фаҳмидани онро ба хо- нанда ҳавола кардааст:

Чони ман панд гир аз ин кисса,

Ки шавӣ дар замона шодоно.

Ғараз аз «Мушу Гурба» бархондан,

Муддао фаҳм кун, писарҷоно.

«Муддао»-и Убайди 3оконӣ, бешубҳа, ҷангу ҷидоли байни ҳокими Кирмон Муборизудднн ва Абӯисҳоқи Инҷӯ аст, ки шоир шоҳиди зиндаи он воқеот буд. Аз ин рӯ, гуфтан мумкин аст, ки «Мушу Гурба» достони таърихии сиёсист, ки дар он воқеоти замони муаллиф ба таври бадеӣ инъикос ёфтаанд.

Дар достони дигари Убайди 3оконӣ «Ушшоқиома» аз ошиқи андӯҳгин, мукотибаи ошиқу маъшуқ, боздиди онон, дахолати рақибон, беэътибории маъшуқ нисбат ба ошиқ сухан меравад. Дар ин достон барои тақвияти фикр ва вобаста ба ҳолати рӯҳии қаҳрамонон Убайди 3оконӣ аз эҷодиёти худ ва шоири асри 13 Ҳумоми Табрезӣ ғазалҳои ишқӣ овардааст.

Убайди 3оконӣ гарчанде дар мавзӯъ ва мазмунҳои гуногун асарҳои манзуму мансур офаридааст, дар таърихи адабиёти форс-тоҷик бо асарҳои ҳаҷвиаш маълуму машҳур мебошад. У дар замони ноором, замони ҷангҳои дохилӣ барои тоҷу тахт ва бетартибию бенизомиҳо зисва, бо ҳаҷви тезу тундаш, ки як навъ муборизаи иҷтимоӣ буд, эътирози худро аз ин ҳарҷу марҷ ба воситаи танқид ва хандаву истеҳзо баён намуда, ҷасорати бадеии фавқулода нишон додааст. Дар замони мо ҳам қимати бадеии ҳаҷви Убайди 3оконӣ заррае накостааст. Дар асрҳои миёна намояндагони аъёну ашроф, рӯҳониён ба ҳар воситае кӯшидаанд моҳияти иҷтимоӣ, мазмуну мундариҷаи асарҳои Убайди 3окониро ночиз гардонда, худи шоирро чун базлагӯй ба қалам диҳанд. Ин ақоид дар оғози давраи нахустини омӯзиши эҷодиёти Убайди 3оконӣ ба илми муосир роҳ ёфта буд, вале минбаъд назари муҳаққиқон ба осори Убайди 3оконӣ ҷиддитар гардид ва он мувофиқи мақому манзалаташ баҳои сазовор гирифт.

 

Носири Бухороӣ

Дар тазкира ва китобҳои таърихи бо номи Шох Носир ва Дарвеш Носири Бухорои низ омадааст. Вай аз дӯстони Салмони Совачист (1300–1376) ва аз муосири Султон Увайси Чалоир буда, чанд қасида ба номи ин ҳоким низ дорад. Навиштаанд, ки Носири Бухорои бо Салмони Совачи мушоира доштааст. Боре Салмон барои табъозмоии Носир мисраи зерро гуфтааст:

Даҷларо имсол рафтори ачаб мастона буд.

Носир фавран ба такмили ин мисраъ фармудааст.

Пой дар занҷиру каф бар лаб, магар девона буд?

Соли таваллуд ва вафоти Носири Бухороиро хеч як сарчашмаҳои муътамад зикр накардаанд. Дар бораи ҷараёни зиндагиаш низ хеч гуна санади пуррае дар даст надорем. Вале аз ашъори худи ӯ маълум мешавад, ки пас аз тахсили илм ва ба сафар баромада бештарин шаҳрҳои Хуросон ва Шерозро саёхат кардааст. Дар зиндаги фақир ва шахси қаноатпешае будааст.

Носири Бухорои ғазал ва қасидохояшро дар сабки суханварони Ироқ некӯ ва устодона сурудааст.

Устод Саид Нафиси миқдори ашъори вайро 4000 байт гуфтааст. Вале аз қуллиёти комили Носир, ки мавчуд аст, ошкор мегардад, ки тақрибан дорои 7000 байт мебошад. Куллиёти шоир, ба ғайр аз қасида ва ғазалиёт, як маснавии орифонае низ дорад, ки «Ҳидоятнома» унвон кардааст.

Соли даргузашти Носири Бухороиро Соми дар «Ќомусулаълом» 776 ҳиҷрӣ (1374 мелодӣ), вале Саиди Нафисӣ 773 ҳиҷрӣ (1371 мелодӣ) қайд кардаанд.


 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *