Абуcаиди Абулхайр

Абусаид Абулхайр Абу Саид Фазлуллоҳ ибни Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Иброҳими Миҳонӣ (Абусаид Фазлуллоҳ ибни Абулхайр Аҳмад) маъруф ба Шайх Абусаид Абулхайр— аз аввалин суханваронест, ки ирфон ва сухану фалсафаи ирфониро ба адабиёти форсу тоҷик ворид кардааст.

Зиндагинома

Эҷодиёти ин суханвар аз бисёр ҷиҳат намунаҳои эҷодиёти шифохии мардумро ба хотир меоранд. Зохиран мархилаҳои аввали пайдоиш ва густариши акоиди ирфони ҳамин ҷиҳатро такозо мекард. Як қисм суханони Абусаид ба шеваи гуфтори мардум таълиф шудаанд, ки аз иртиботи кавии эҷодиёти шоир бо забони халқ гувоҳи медихад. Абусаид Фазлуллох бинни Абулхайр соли 967 дар Маймана ба дунё омадааст. Дар Майманаву Марв ва Сарахстаҳсили илм намуда, муддате дар Нишопуру Омул умр ба сар бурдааст. Соли 1049 дар Маймана аз олам гузаштааст. Накл мекунанд, ки дар замони зиндагии худ ӯ каси хушгу ва сухбаторо будааст. Яке аз аввалин суханвароне, ки ирфон ва афкори ирфониро дар колаби шеър баён кардаанд, Абусаиди Абулхайр махсуб гашта, мавзуоти фалсави, тасаввуфи ошикона, танкиди замон ва ахли он дар рубоиёти ӯ макоми баланд дорад. Бино ба маълумоти сарчашмахо ва таърихномахо дар ахди авали ислом то карнҳои 8-9 ахли ирфон ва тасаввуф ба каламу когаз сарукоре надоштанд. Сухани Абусаиди Абулхайр аст, ки гуфта: «Кадами авали суфи шикастани каламу пора кардани дафтар аст. Ва хар касе бихоҳад аз ишқи суфи пай барад, бояд худаш ба он бингарад».

Вале баъд заруратхо пеш омад, ки рочеъ ба масоили ирфон ва асоси таълимоти он асархо эҷод гардад. Зеро баъзе аз факехон ирфонро ба аркони асосии ислом мукобил гузошта, намояндагони онро ба бединиву бехудои айбдор намуданд. Орифон мачбур шуданд, ки барои ҳимояи хеш аз Қуръон ва аходиси набави истидлол пеш оваранд.

Аз мероси адабии Абулхайр он чизе, ки то ба имрӯз омада расидааст, 720 рубоиест, ки дар боби ишқу орзу, мардонагию садокат харф мезананд.

Китобҳо