Манучеҳрии Домғонӣ

Манучеҳрии Домғонӣ (форсӣ: اَبوالنَّجم احمد ابن احمد ابن قوص منوچهری دامغانی‎; 1000, Устони Симнон — 1040) — яке аз шоирони форсу тоҷик мебошад. Ӯ дар дарбори Масъуд умр ба сар бурдааст. Манучеҳрӣ устоди қасидаҳои васфӣ мебошад.

Зиндагинома

Манучеҳрии Домғонӣ яке аз шоирони форсу тоҷик мебошад. Ӯ дар дарбори Масъуд умр ба сар бурдааст. Манучеҳрӣ устоди қасидаҳои васфи мебошад. Ӯ қасидаҳояшро бо васфи баҳор ё тирамоҳ сар мекунад ва танҳо манзараҳои баҳору хазонро тасвир мекунад.

Таърихи таваллуди ӯро дар охири қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ дар Домғон, вафоташро соли 431х.- 1040 м тахмин карданд.

Меросе, ки аз шоир боқӣ мондааст, ягона девони ӯ мебошад, ки аз қасоид, ғазалиёт, рубиёт ва қитъаот иборат аст.

Манучеҳри соли 1000-дар Домғон ба дунё омадааст. Номаш Аҳмад, номи падараш Қавс ва тахаллусаш Манучеҳрист. Пас аз касби камол ба дарбори Ғазнавиён меояд. Азбаски Манучеҳрӣ шоири ҷавону боғайрат буд, дар дарбор ба мақсади ҳосидон гирифтор шудааст. Аз рӯи гуфти худи ӯ ҷоҳилони камфазл аз нотавонбинӣ хостаан, ки ӯро беобрӯ сохта аз хидмат дур намояд. Вале Манучеҳрӣ дар қасидаҳояш ин гурӯҳи бадандешро фош намуда ва аз онҳо қасд гирифтааст. Манучеҳри дар айни ҷавонӣ, дар чилсолагӣ, соли 1040 вафот кардааст.

Дар девони шоир қасидаи, қитъа ва ғазалҳои ӯ гирд омадаанд. Назари ичтимойии ӯ ба оламу вокиаҳои замона нисбат ба муосиронаш Унсурию Фаррухи амик ва вусъатнок аст. Яъне Манучехри муҳокимаҳои танкидию иҷтимоӣи зиёд дорад ва бо хасби ҳоллу шикоят низ ба мазаммати нобаробарию чавру ситами рӯзгор кушидааст. Дар ин маъни қасидаи ба ном {Шамъият}-и ӯ ахамиятбахш аст. Шоир ба шамъ ру оварда аз ғаму кулфат, татҳои, дардҳои айём ва беокибатию бемехри сузу гудох намудааст:

Ту маро монию ман хам мар туро монам хаме,
Душмани хешем хар ду бар-дӯстдори анчуман.
Хештан сузем хар ду бар муроди дӯстон,
Дустон дар роҳатанд аз мову мо андар хазан.

Дар шеърҳои баҳоронаи Манучехри тавсифи гулу парандагон мавкеи ҳос дорад. Камтар гулу парандае мондааст, ки ӯ ном нагирифта ва бо хусусиятҳои ҳосу фарқи байнихамиашон тасвир накарда бошад. Дар банди мусаммате сифати кабк хусусият ва дунъёи асрорангези ин паррандаи хушилҳомро ин андоза зебо ва реалии нигоштааст.

Осор