Абулвайси Азиз

Абулвайси Азиз - нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1989).

Зиндагинома

Абулвайси Азиз 8 марти соли 1939 дар деҳаи Яхсуйи Даҳанаки Болои ноҳияи Кӯлоб ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми мактаби миёнаи деҳа таҳсилро дар факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин идома дода, соли 1963 ба итмом расондааст. Баъдан муаллими мактаби миёна, ходими адабии рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», муҳаррири нашриёти «Ирфон», «Адиб» (1987-1994) будааст. Аз соли 1994 машғули кори эҷодист.

Эҷодиёт

Муаллифи китобҳои «Сарбоз» (1984), «Рӯҳи замин» (1989), «Офтоби сарҷӯ» (1991), «Дили сарҷӯ» (1993), «Баҳо» (2000), «Муаммои мавҷудот» (2006), «Шеди ниёгон» (2014) рисолаҳои хурди таърихӣ-бадеӣ мебошад, ки андешаҳои муаллифро дар боби сиришту сарнавишти инсон фароҳам овардаанд ва басо пандомӯзу ибратбахшанд.

Осор