Абдулқодири Раҳим

Домони абр

 

Дар бораи муаллиф:

Абдулқодири Раҳим (Раҳимов Абдуқодир) 17 январи соли 1961 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон. Шоир, барандаи ҷоизаи “Ҷавонони Тоҷикистон”. То ҳол зиёда аз 5 китобаш ба табъ расидааст. Китоби аввалинаш бо номи “Дурӯғи Шабнам” соли 1993 бо пешгуфтори Салими Хатлонӣ ба табъ расид. Баъдан дигар китобҳояш бо номҳои “Чароғи ошноӣ”, Ҷилваи як нола”,Фурӯғи меҳр” ва “Духтари афсонаҳо” ба табъ расидаанд. Дар маҷаллаҳои Ҷумҳурии исломии Ирон низ чанд маротиба шеърҳояш ба табъ расидаанд.

Алҳол корманди рӯзномаи “Ҷумҳурият” буда, ба ҳайси мудири шӯъбаи фарҳанг ва адабиёт кор мекунанд.

Оиладор, сохиби се фарзанд аст.