Абдулқодири Бедил

Мирзо Абдулқодири Бедил (форсӣ: میرزا عبدالقادر بیدل‎; 1644, Патна, вилояти Биҳор, Ҳиндустон — 1720, Деҳлӣ) — шоир, насрнавис ва мутафаккири форсизабони Ҳиндустон, яке аз нобиғаҳои назми форс-тоҷик. Аҳли илму адаб Бедилро бо унвони Абулмаонӣ ёд мекунанд.

Зиндагинома

Ватани гузаштагонаш Хуф (канори шаҳри Нишопур) ном мавзеи Хуросон мебошад. Тибқи маълумоти тазкираи «Миръоти воридот»-и Вориди Теҳронӣ (таълифаш соли 1734) силсилаи насаби Бедил ба охирин подшоҳи сулолаи музаффариёни Форс шоҳ Мансур (1384-93) мерасад. Баъди аз тарафи амир Темур (1370—1405) забт гардидани Хуросон авлод ва аҷдоди Бедил ба Мовароуннаҳр омада, дар ин сарзамин зиндагӣ кардаанд. С. Айнӣ ба таркиби номи Бедил ва хешовандонаш илова гардидани калимаи «Мирзо»-ро далели сардори бузург будани яке аз гузаштагонаш донистааст. Дар замони хунрезиҳои мазҳабии хонҳои ӯзбек ва Сафавиёни Эрон падар ва бобои Бедил, ки аз мардуми балдаи Самарқанд буданд, тарки ватан карда, рӯ ба Ҳинд овардаанд. Гузаштагони Бедил аз сипоҳиён буданд ва Бедил низ сипоҳизода аст. Бедил дар оилаи Мирзо Абдулхолиқ ном марди сипоҳӣ ба дунё омадааст. Падараш Мирзо Абдулхолиқ маншаи суфиёна дошт, орифи вораста ва аз ҷиҳати ақида пайрави тариқаи қодирия буд. Ба пири ин тариқат Абдулқодири Гелонӣ дилбастагии маънавӣ дошт. Аз ин сабаб номи фарзанди худро Абдулқодир гузошт. Бедил дар 4-солагӣ аз падар ятим монда, тарбияи модари хушсаводашро гирифт ва дар 5-6-солагӣ ба мактаб рафт. Дар 7-солагӣ Қуръонро аз ёд карда қории мураттаб гардид. То 10-солагияш забони модарияш банголӣ (урду), санскрит, туркӣ, сарфу наҳви форсӣ ва арабиро омӯхта, ба мутолиаи осори назму нас-ри форс-тоҷик машғул шудааст. Истеъдоди шоирияш аз 10-солагӣ зоҳир гардид. Бедил дар айёми ҷавониаш, ки ҳисси шеъру шоириро амакаш Мирзо Қаландар дар дили ӯ бедор карда буд, ба шеър гуфтан пардохт.

Баъди вафоти модараш тарбияи Бедилро амакаш ба уҳда гирифт. Мирзо Қаландар марди сипоҳӣ буд, бо тақозои хидмати ҳарбӣ зуд-зуд макони зисташро иваз менамуд ва Бедилро ҳамроҳаш мебурд. Бо ташвиқи амакаш Бедил ба худомӯзӣ гузашт. Илмҳои мутадовилаи замон ва тасаввуфро аз шайх Камоли Биҳорӣ ном олим, тафсиру ҳадис ва адабиёти арабро аз тағояш Мирзо Зариф дар шаҳри Патна (то соли 1661) омӯхтааст. Мирзо Қаландар дар ташаккули афкори адабии Бедил нақши муҳим бозидааст. Дар маҳфили амаки Бедил Мирзо Қаландар донишмандон, аҳли дину ойинҳои гуногун иштирок доштанд. Бедил дар суҳбатҳои мазкур аз ҳар кадоми онҳо барои худ дарс меомӯхт. Шоҳфозил аз дигар устодони Бедил дар адабу шеъри форсӣ ва тасаввуф буд. Ошноӣ бо афроди мазкур донишу биниши Бедилро тавсиа бахшиданд. Бедил ба сурудани шеър ба тахаллуси «Рамзӣ» пардохт. Вақте ӯ «Гулистон»-и Саъдиро мутолиа мекард, аз маънавиёти ботинии Шайх Саъдӣ ба ваҷд омада, ба яке аз мисраҳои шеъри ӯ — «Бедил аз бенишон чӣ гӯяд боз?», дил баст ва тахаллуси «Рамзӣ»-и худро ба «Бедил» иваз намуд. Ақидаҳои адабию фалсафии Бедил аз ду сарчашма (эронӣ ва ҳиндӣ) шодоб гардидаанд. Дар 16-солагӣ бо таъсири дини илоҳӣ (сулҳи кул) ба илму дониш ва тариқатҳои мухталифи динӣ майл кард. Дар 17-солагӣ ҳамроҳи тағояш Мирзо Зариф бо мақсади тиҷорат ба вил. Орисса (ҷан. Ҳиндустон) сафар карда, бо шоирон ва орифони намоёни садаи 17 Шоҳмулук, Муллодарвеш Волаи Ҳиравӣ, Шоҳқосими Ҳуваллоҳӣ (ваф. 1673) ва ҳокими вил. Орисса Саййидмаҳмуд Хонидаврон Якка Озод шинос шудааст. Ин ашхоси фозил ӯро ба сурудани шеъри ошиқонаву ирфонӣ таблиғ намуда, зарофатгӯиро ба ӯ омӯхтанд. Бедил дар назди олим ва рӯҳонии машҳур Шоҳқосими Ҳуваллоҳӣ се сол дониши худро такмил дода, баъди аз Орисса ба Патна баргаштан ба ошкоро шеър гуфтан оғоз кард. Дар ин рӯзҳо Мирзо Зариф ва Мирзо Қаландар пайи ҳам аз олам гузаштанд. Бедил дар 21-солагӣ ба роҳи зиндагии мустақил ва ба пояи нави фикрӣ қадам гузошт.

Бедил рӯзи панҷшанбеи 5 декабри 1720 дар шаҳри Деҳлӣ аз олам даргузашт. Аз рӯи васият ӯро дар мақбарае, ки даҳ сол пеш аз марг дар саҳни ҳавлияш бино карда буд, ба хок супурданд.

То соли 1784-1985 ҳавлӣ ва оромгоҳи Бедил барҷой буданд. Бар асари воқеаҳои таърихӣ ва ҳодисаҳои табиӣ хона ва қабри шоир аз байн рафтанд ва асаре аз онҳо нест. Муҳаққиқон Муҳаммаддовуди Ҳусайнӣ, Шафеии Кадканӣ муътақиданд, ки ҷанозаи Бедил дар саҳни ҳавлиаш муваққатан ба хок супурда шуда буд ва ҷасади беҷони Бедил ба воситаи муридону иродатмандонаш ба хоки Афғонистон (қалъаи Ҳоҷӣ Ривош дар шим. Афғонистон) интиқол дода шудааст. Манзиле, ки дар наздикии Қалъаи калони Деҳлӣ бо номи «Оромгоҳи Мирзо Абдулқодири Бедил» мавҷуд аст, соли 1935 сохта шудааст. Соли 1955 бо ташаббуси сафири кабири Афғонистон дар Деҳлӣ Наҷибуллоҳхон бо маблағи хайрияе, ки аз зиёиёни Афғонистон ҷамъ шуда буд, мазори Бедил аз сари нав таҷдид гардида, ба шакли мақбараи начандон бузург дароварда шуд. Дар пештоқи он чунин катиба вуҷуд дорад: «Оромгоҳи Мирзо Абдулқодири Бедил 1054 ҳ. қ. — 1133 ҳ. қ. Ин бино дар соли 1374 ҳ. қ. бо ионати дӯстдорони афғонии Бедил ба сар расид».

Мероси адабӣ

Мероси адабии Бедил иборат аз куллиёти осори манзум ва мансур аст, ки асарҳои зеринро дар бар мегирад: девони ашъор, девони рубоиёт, маснавиҳои «Муҳити аъзам», «Ирфон», “Тӯри маърифат”, “Тилисми ҳайрат”асарҳои мансури «Нукот», «Чор унсур», “Ишорот ва ҳикоёт” ва «Руқаот». Девони ашъори Бедил аз анвои гуногуни адабӣ — ғазал, қасида, достон мухаммас, таркиббанд, қитъа, тарҷеъбанд, мураббаву муаммо, луғзу чистон ва маснавиҳои «Танбеҳу-л-муҳаввисин» (210 байт), «Сифати асп» (391 байт), «Сифати фил» (100 байт), «Сифати шамшер» (45 байт) ва «Сифати забону гуфтори маъшуқ» (7 байт) иборат мебошад.

Китобҳо
Мунтахабот