Дар бораи муаллиф:
Зиндагинома
Имом Ҳуҷҷат-ул-ислом Муҳаммади Ғаззолӣ ба таърихи 450 ҳиҷрӣ, дар Тобирони Тӯс ба дунё омад, то соли 478, яъне то синни бисту ҳашт солагӣ – дар Тӯсу Гургону Нишобур ба фаро гирифтани улуми зоҳирӣ пардохт; ҳам дар ин сол, Хоҷа Низомулмулк – вазири донишманд ва донишдӯсти Маликшоҳи Салҷуқиро бо вай мулоқоте даст дода, шефтаи пояи фазлу дониши вай гашт ва то соли 484 дар дарбори Салҷуқӣ бо мунтаҳои иззат омаду шуд дошт ва дар корҳои бузург дахолат мекард, дар ин сол ба хоҳиши Хоҷа, мансаби тадриси Мадрасаи Низомияи Бағдодро ба ӯҳда гирифт ва то соли 488 дар он мақом, ки бузургтарин пойгоҳи илмии он замон буд, бимонд.
Ҳамон гуна ки худ дар китоби «Ал-мунқиз мина-з-залол» менависад, чун улуми расмии зоҳирӣ дарди дарунии ӯро дармон намекард ва ба «чаро?»-ҳои фаровоне, ки ҳар мутафаккири ҳушмандеро дар даврони зиндагӣ роҳат намегузоранд, ҷавобҳои хотирписанде намедод, дар зимни муддати тадрис ва пеш аз он ба таҳсили фалсафа пардохт ва гуфторҳои сӯфиён ва мутакаллимон ва ботиниёнро зеру забар кард ва дар поёни кор чун аз ҳеч роҳ оромиши хотире барояш фароҳам нашуд, аз дастгоҳи дунёӣ ва тадрису мансаб сер омад ва ҳолаш дигаргун шуд ва ба ночор аз ҳама чиз чашм пӯшид ва аз Бағдод берун шитофт ва оҳанги Шому Ҳиҷоз кард ва гӯшае гирифт ва дар ҳамин гӯшагирӣ Ғаззолии дигаре шуд, ки осораш ӯро ҳамон гуна ба мо муаррифӣ мекунанд.
Ин ҳоли вай то даҳ сол, яъне то 498 давом кард ва дар ин сол шавқи дидори зану фарзанд ӯро ба Тӯс кашонид ва як соли дигар ҳамчунон дар гӯшаи узлат бизист.
Дар поёни ин сол, ниме ба исрор ва илзоми Фахрулмулк – вазири Султон Санҷар ва ними камтаре ба майли худ, тадриси Низомияи Нишобурро пазируфт, вале Ғаззолии Нишобур дигар буд ва Ғаззолии Бағдод дигар: ин Ғаззолие буд, ки дар бӯтаи муҷоҳидатҳо ва риёзатҳои ёздаҳсола гудохта шуда, поку беолоиш аз кор даромада буд, забоне, ки аз андешаи сар нерӯ мегирифт, яксара ба дил пайваста буд ва дарсҳоеро тақрир мекард, ки ба мукошифа ва мушоҳида аз Устоди офариниш омӯхта буд.
Дар тадриси Нишобур беш аз як сол диранг раво надошт ва бо ҳамаи исрорҳое, ки барои мондан ба вай мешуд, аз кор канора гирифт ва ба ватани аслии хеш Тӯс бозгашт, мадрасае ва хонагоҳе барпо кард, қисмате аз рӯзгори худро ба тадрис дар мадраса ва бахши дигарро ба роҳнамоӣ ва дастгирии сӯфиён ва ворастагони хонақоҳ пардохт, то дар соли 505 дида аз дидори ин ҷаҳон барбаст ва ба дигар сарой шитофт.
Осор
Аз Ғаззолӣ беш аз сад китоб ва рисолаи бузургу кӯчак дар фиқҳу ҳадис ва калому ахлоқ ва фалсафаву ҷуз он бар ҷой монда, ки гули сари сабади онҳо дар забони арабӣ китоби «Эҳёу улуми-д-дин» ва дар форсӣ хулосае аз он китоб ба номи «Кимиёи саодат» мебошад.
Имом Ғаззолӣ китоби «Эҳё»-ро дар муддати гӯшагирӣ ва узлат навишта; ва тақсимбандии рукнҳову аслҳо ва фаслҳои он тақрибан монанди «Кимиёи саодат» мебошад. Китоби «Кимиёи саодат» ҳамон тавр ки гуфтем – хулоса ва эҳтимоли наздик ба яқин, хулосаи тарҷимамонанде аст, ки худи Ғаззолӣ аз китоби «Эҳё» берун овардааст.