Абунасри Фароҳӣ мусаннифи фарҳанги арабӣ-форсии «Нисоб-ус-сибён» аст, ки бо супориши вазири маъруфи Салҷуқиён Низомулмулк (1017 – 1092) нигошта шудааст. Дар пайравӣ ба ин асар донишмандони бисёре фарҳангҳои гуногун таълиф кардаанд. Яке аз корҳои дигари Абунасри Фароҳӣ ба назм даровардани асари Шайбонӣ «Ҷомеъ-ус-сағир» мебошад (1116).
Copyright © 2023 БИХОН ///Таҳияи сомона:iTojik