Нишоту сурур дар партави мутолиа ва китобхонӣ

Яке аз муҳимтарин авомиле, ки боиси шодию сурур дар руҳу ҷони мо мешавад, бешак мутолиа ва китобхонист.

Ошноӣ бо китобҳои мухталиф, истифода аз матолиби онҳо ва унс бо китоб моро на танҳо ба қуллаҳои баланди дониш боло мебарад, балки боиси нишоту саргармӣ ва шодмонӣ низ мешавад.

Дар ривоёти исломӣ, дар мавриди китобу китобхонию мутолиа осори миуҳимме баршумурда шудааст: аз ҷумла дар ривояте омадааст, ки: “Китобҳо бӯстонҳои донишмандон аст”.

Дар ривояти дигаре омадааст: “Рӯзгори пур аз фитнае бар мардум хоҳад расид, ки ҷуз ба китобҳояшон унсу оромиш нагиранд”.

Китобхонӣ ва мутолиа осоре дорад, ки барои ҳар инсоне дар ҳар давру замоне ва ҳар шароите фақат муфиду судманд аст: осоре ҳамчун: афзоиши оромиш ва коҳиши изтироб, тақвияти зеҳн ва ҳифозат аз он, таҳрики зеҳнӣ ва пешгирӣ аз олзоймер ва фаромӯшӣ, доштани хоби роҳат, афзоиши ҳамдилӣ ва муқобила бо афсурдгӣ аз осорест, ки донишмандон дар фавоиди китобхонӣ баршумурдаанд.

Инчунин афзоиши огоҳӣ, густариши доираи луғот, тақвияти тафаккуру таҳлил, афзоиши тамаркуз, оромиши хотир ва дар охир саргармии хубу солимро низ метавон дар асари мутолиа ва китобхонӣ ба даст овард.

Абдурраҳмони Ҷомӣ фармуда:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.

Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.