Донистан хуб аст…

Анри Дюран ном нависандаи франсавӣ пули ҳаққи қалами гирифтаашро гум кард. Ҳодиса ба интишор сохтани асари навбатии ў алоқа дошт. Зеро асари охирини Анри Дюран «Аз кисабурон эҳтиёт бошед!” ном дошт.

***   ***   ***

Ин ҳодиса ягона нест. Одам ба чунин қудрат ноил аст. Баъзан илҳому дониши модарзодӣ аз эҳтимол холӣ нест. Англисзан Урусо Блюм ҳам нахустинроманашро дар синни ҳафтсолагиаш интишор сохта буд. Замони мо боз як нависандаи хаёлотнавис (фантастик) ба миён омадааст. Мегуянд, ки аз рўи иттилои рўзномаҳои Британияи Кабир нависандаи хаёлотнавис Алекс Уилями англис ҳафтсола мебошад. Ӯ  оид ба роботҳо роман таълиф кардааст. Романи Алекс Уилям бо таҳриру ислоҳи сарфу наҳв интишор шуда, зуд ба фурўш рафтааст.

***   ***   ***

Нависандаи маъруфи франсавӣ Франсуа Рабле муаллифи китоби «Гаргантюра» ва Пантагрюэл» мебошад. Ӯ  васиятномаи аз ҳама кўтоҳ тартиб додаст, ки матнаш чуни наст: «Ман ҳеҷ чиз надорам, қарздорам, боқимондааш аз они хешу таборон».

***   ***   ***

ФЕҲРИСТНАВИСОН

Феҳрист тавсироти ҳастии дастхатҳо, тафсироти китобҳои чопӣ ва маводи матбуоти даврӣ аст. Феҳристҳо аз рўи вазифаи худ мазмуни ҳар асар, ҷилдҳи давомдор ва  маводи матбуоти давриро соҳа ба соҳа мураттаб месозанд. Дар феҳристҳо тарзу усулҳои таълифот на ба мисли таълифи асарҳои бадеӣ мебошанд ва дар онҳо персонажҳо дида намешаванд. Феҳристҳо тарзу қоидаҳои ҷудогонаи ба худ хос доранд. Онҳо маълумоти мухтасари ҳар китоб, материалҳои матбуоти давриро инъикос менамоянд. То садаи ХVII феҳристро ба маънии ҳозира «Китобхона», «Нишондиҳанда», «Репертуар», «Каталог» меномиданд. Калимаи библиография (феҳрист) миёнаи садаи ХVII  шўҳрат ёфт ва маънии луғавии вай бо лафзи юнониёни қадим  «Библиокитоб», «Графо-навиштан» аст.

Замони қадим дар мавриди афзоиши номгўй китобҳо, ба вуҷуд омадани китобхонаҳо ва барои ба низом овардани  китобҳо феҳристнависӣ расм шуда буд.

***   ***   ***

Аввалин феҳристнавис олим ва шоири Юнони қадим Калимах ( солҳои  310-240 то милод)китобдори китобхонаи Искандарӣ буд. Каллимах беш аз 800 асари таърихӣ, сарфу наҳвӣ, назми таълиф кардааст. Вале асарҳои ў ба рўзҳои мо нарасидаанд. Онҳо аз рўи маъхазҳо маълуманд ва баъзе порчаҳои онҳо боқӣ мондаанд. Хизматҳои бузурги Каллимах дар он аст, ки ў дар асоси хазинаи китоби китобхонаи Искандарӣ феҳристи китобҳои онро мураттаб сохт ва феҳристи 120 ҷилдаро ба вуҷуд овард. Каллимах дар феҳристаш на танҳо рўйхати китобҳоро гирд овар, балки ў дар хусуси муаллифони ин китобҳо маълумоти равшану мукаммал дода буд.

         ***   ***   ***

Владимир Измайлович Межов (1831-1894) бисёр феҳристҳо тартиб додааст. Асарҳои ў «Феoристи таърихи рус» аз 11 ҷилди дорои 100 ҳазор тафсироти феҳристӣ, «Адабиёти ҷуғрофӣ, ҳисобот, этнографӣ»  аз 9 ҷилди дорои 85 ҳазор тафсироти феҳристӣ иборат мебошанд. Дар  ҳамаи асарҳои В.И. Межов беш аз  400 ҳазор китоб, материалҳои матбуоти даврӣ тафсир шудаанд, ки ин ҷустуҷўи бардавом, меҳнати пурмашаққати феҳриснависро талаб мекунад. Дар навбати худ яке аз асарҳои бузурги В.И.  “Маҷмўаи Туркистон» мебошад, ки он 620 ҷилдро ташкил медиҳад. В.И. Межов 416 маҷмўаро дар зарфи солҳои 1867-1887 тартиб додааст. Таҳияи «Маҷмўаи Туркистон» идома дошт. Баъди фавти ў ҷилдҳои минбаъдаи онро Н.В. Дмитриевский ва А.А. Семенов ба субут расонидаанд. Ҷилди охирини «Маҷмўаи Туркистон» соли 1916 анҷом ёфта буд. Дар  Китобхонаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ (ҳоло Китобхонаи миллии Ӯ збекистон ба номи А.Навоӣ) 591 ҷилд ва дар Китобхонаи давлатии ИҶШС ба номи В.И Ленин (ҳоло Китобхонаи  давлатии ФР – и ш.Москва) 29 ҷилди он нигоҳ дошта мешаванд.

Дар «Маҷмўаи Туркистон» асосан аз маъводи матбуоти даврии тоинқилобии Туркистон истифода шудааст. Маҷмуаи матералҳои таърихӣ, иқтисодӣ, этнографӣ, ҳаётии мадании кишвари Туркистон, аз ҷумла хонигарии Хева (Хоразм), аморати Бухоро ва мамлакатҳои Шарқи  ҳамсояро дар бар мегирад.

              ***   ***   ***

Нимаи садаи Х1Х Михаил Дмитриевич Хмиров дар Санг – Петербург зиндагӣ мекард. Ӯ  42 сол умр дидааст. Таърихшинос М.Д. Хмиров дар зарфи 20 сол бисёр маҷалаю рўзномаҳои 110 – солаи Русияро ҷустуҷў ва харид мекунад. Пас аз онҳо материалҳои камёбу муҳимро бурида мегирад. Материалҳоро дар ҷузъгирҳо соҳа ба соҳа муратаб месозад ва аз ҳисоби ин материалҳо 1288 албом тартиб медиҳад. Байни ин албомҳо албомҳое низ мебошанд, ки ба давраи ҳукмронии Пётри 1, фаъолияти адабии А.С.Пушкин ва дигар шоирон, нависандагон, ҳаёти фарҳангию таърихии Русия  бахшида шудаанд.

Ҷустуҷўҳо ва заҳмати М.Д. Хмиров беҳуда масраф намешуданд. Азбаски амсоли ин албомҳо дида намешуд, дар минбаъда онҳо комёбу нодир дониста шудаанд. Соли 1837 дар шаҳри Москва осорхонаи таърихӣ кушода шуд ва ин албомҳо дар он ҷой гирифт. Баъдан вай ба китобхонаи мустақили давлатии таърихӣ-оммавӣ табдил ёфт, ки асоси захираи китобии онро китобҳо, албомҳои М.Д. Хмиров ташкил намуданд.

***   ***   ***

Якумин осори чопии ҷаҳонӣ маҷмўаи афсонаҳои  динии ҳиндуён «Алмоси Сутра» шинохта шудааст. «Алмоси Сутра» аз шаш варақ иборат буда, бо забони хитоиҳо низ тарҷума шуда буд. Онро ихтироъкори Чин Ван Чи 11 -уми маи соли 868-уми  милодӣ дар тахтачаҳои чўбин интишор карда буд. Ван Чи рўи муқоваи «Алмоси Сутра» суратҳои будоиҳоро сабт кардааст.

***   ***   ***

Маълумотҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки китобҳо дар тахтачаҳои чўбин хеле инкишоф ёфта буданд. Аз ибтидои  садаи ХI сар карда, дар зарфи 80 сол ҳунармандони Корея «Маҷмўаи калони нигоришёфта»-ро, ки он аз 6 ҳазор ҷилд иборат буд, ба вуҷуд оварданд. Баъдтар дар Корея «Маҷмўъаи муқаддаси нигоришёфтаи буддоиҳо» паҳн гардид. Барои ба вуҷуд овардани ин асар қариб 80 ҳазор тахтачаи чўбинро истифода кардаанд. Ҳоло қисме аз ин асар дар ибодатхонаи буддоии Пхенян маҳфуз аст. Пас  кореягиҳо аз кандакориҳои чўбин бо ҳуруфрезии физилин гузаштанд.

***   ***   ***

Тақиқотчиён равшан сохтанд, ки яке аз китобҳои аввалин бо ҳуруфоти физилии тайёршуда ба замони мо расидааст. Вай 75 сол қабл аз ихтирои Иоган Гутенбург чоп гардида буд.

***   ***   ***

Замонҳои қадим дар кишварҳои Осиё дар  тахтачаҳои суфта сабт гардонидани ҳуҷҷатҳо, номаҳо, китобҳо расм шуда буд. Боре мавриди гузаронидани ҳафриёт археологҳо аз Тўпроққалъаи Хоразм ҳуҷҷати дарбории ҳокимро дарёфт карда буданд. Ҳуҷҷати мазкур дар тахтачаи дастадор бо навиштаҳои номаълуми қадима анҷом ёфта буд.

***   ***   ***

Ношири арманиҳо Акоп Мегапарт соли 1512 чопи китобҳои арманиро оғоз карда буд. Акоп Мегапарт бори аввал дар Венетсия «Парзатумар» ном китоби арманиҳоро интишор сохтааст. Аз чопи ин китоб сар карда, то соли 1920 дар олам 460 чопхонаҳои арманиҳо вуҷуд доштанд.

Таҳияи Шарофат Мирзоева,
сармутахассиси шӯъбаи и
лмӣ ва
тадқиқотии  Китобхонаи  миллӣ

аз китоби Мақоми китоб дар фаҳанги мардуми тоҷик