Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ

Муаллиф: Сайидзода Зафари Шералӣ
Ношир: «Контраст»
Саҳифа: 608
Соли нашр: 2016
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 3,15 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 12 нафар

 


Дар бораи китоб:

Ин китоби таҳлилӣ ба масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ – гиромидошти забони модарӣ, густариши ахлоқи миллӣ, таъмини рушди устувору босуботи кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои он – бахшида шудааст.

Асари мазкур барои олимон, омӯзгорон, сиёсатшиносон, хизматчиёни давлатӣ ва, умуман, доираи васеи хонандагон иншо гардидааст.

 


Дар ин китоб:
  • НАҚШИ СИЁСИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРӢ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РУШДИ БОСУБОТИ ТОҶИКИСТОН 
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: бозгашти давлати миллии тоҷикон ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ
  • ГУСТАРИШИ АХЛОҚИ МИЛЛӢ ВА ГИРОМИДОШТИ ЗАБОНИ МОДАРӢ – ПОСУХ БА ПАЙОМАДҲОИ МАНФИИ ҶАҲОНИШАВӢ 

Дар бораи муаллиф:

Сайидзода Зафари Шералӣ
(Саидов Зафар Шералиевич)

Санаи таваллудаш 18 декабри соли 1961, тоҷик, маълумоташ олӣ.

Номзади илмҳои фалсафа (1989),доктори илмҳои таърих (2016).

Соли 1983 Донишгоҳи давлатии (алъон – миллии) Тоҷикистонро бо ихтисоси муаррих ва ҷомеашинос хатм кардааст.

Солҳои 1983 – 1986: аспирант ва ассистенти кафедраи диншиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон.

Солҳои 1987 – 1990: корманди масъул, мудири бахш ва мудири шуъбаи идеологии КМ комсомоли Тоҷикистон.

Солҳои 1990 – 1991: сармутахассиси Кумитаи ШӯроиОлии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ҷавонон.

Солҳои 1991 – 1992: корманди масъули дафтари матбуоти Президент ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 1993 – 1995: сардори Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 1995 – 2003: котиби матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2003 – 2008: директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 5 феврали соли 2008 то имрӯз: мушовири калони Президенти Тоҷикистон ва дастгоҳи он оид ба сиёсати хориҷӣ ва масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ.

Муаллиф, мураттиб ва муҳаррири зиёда аз 70 китоб ва мақолаҳои зиёд оид ба масъалаҳои фалсафа, забон, сиёсатшиносӣ, таърихи навтарин ва фарҳанги иттилоотии Тоҷикистон мебошад.

Дорандаи медали давлатии «Хизмати шоиста», Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Ифтихорномаи (мукофоти олии) Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ифтихорномаи Парлумони Ҷумҳурии Чеченистони Федератсияи Россия. Аълочии фарҳанги Тоҷикистон аст. Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад.


 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *